Дар тӯйҳо чаро «кичирӣ» мепазанд?

Дар тӯйҳо чаро «кичирӣ» мепазанд?


Мардуми ҳар як минтақа вобаста ба таъриху тараққиёт ва муҳити табии атроф­расму одати ба худ хос доранд. Яке аз чунин анъанаҳо тӯйи арӯсӣ (ҷашн, ид, хурсандӣ) мебошад, ки байни арзишҳои мардумӣ ҷойи алоҳида дорад. Маросими хурсандӣ одатан бо тантанаю мусиқаю таомҳои хуштаъм, бо иштироки хешу табор ва атрофиёни наздик гузаронида мешавад.
Ман мехоҳам дар бораи яке аз таомҳои маросими тӯйи арӯсӣ, ки дар рӯйи дастархон гузошта мешавад, фикрамро гӯям. Ин таом дар байни мардум бо номи кичирӣ маълум мебошад. Пеш аз таъриф намудани ин таом, мо хостем, ки дар бораи хислатҳои маҳсулоти таркибии он маълумоти мухтасар диҳем.
Таркиби таом асосан аз мош, биринҷ, равған иборат мебошад. Мош – ғалладонаи лӯндаи пӯсташ сабзи мағзаш сафед, аз ҷинси адас (наск); растанӣ ва дони зироатӣ аст, ки тухмашро пухта мехӯранд. Мизоҷаш сард аст. Агар аз пӯсташ ҷудо карда бошанд (дар Тошканд чунин мекунанд), мизоҷаш мӯътадил ва хушк мегардад. Мош аз хӯрданиҳои фаслҳои баҳор, тобистон буда, барои одамони гарммизоҷ аст. Агар инро пухта бихӯранд, асаб­ро қувват мебахшад, тавоногии чашмро меафзояд.
Биринҷ – навъе аз ғалла, ки дар киш­варҳои гарми рутубатнок, дар заминҳои обдор кишта мешавад. Аз як шолӣ ду маротиба ҳосил мегиранд – баҳор ва тирамоҳ. Навъҳои биринҷ хеле бисёр аст. Беҳтарин биринҷҳо осонпаз ва сафеди он аст. Истеъмоли зиёди биринҷ ҳоли нохуши баданро ба ислоҳ меоварад, ранги рӯйро пок менамояд, дар бадан моддаҳои солим пайдо мекунад ва боиси дидани хобҳои хуб мегардад. Мизоҷаш хушк аст, дар гармиву сардӣ мӯътадил мебошад.
Акнун дар бораи таом фикр баён мекунем. Калимаи «мош» ва «кичирӣ» аз забони мардуми ҳинд ба мо омадааст. Донаҳои мош чуноне, ки дар боло гуфтем, барои одамони гарммизоҷ аст. Ба он пас аз кишт шуданаш дар давоми сабзидану расиданаш фақат як маротиба об мемонанд. Ин хислати асосии мош мебошад.
Биринҷ бошад дар даруни об мерӯяд.
Аз таҳлил маълум мешавад, ки маҳсулоти таркибии кичирӣ аз ҳам хеле дур ва фарқи калон доранд. Дар асоси ақида, яъне тасаввуроти мардум, волидайни ду тараф – арӯсу домод, мехоҳанд ин ду ҷавон ба тарзи рамзӣ – мисли дар кичирӣ омехта шудани маҳсулотҳои биринҷу мош бо ҳам мувофиқ ояд ё бо ибораи дигар ситораҳояшон рост шавад.

Аз манбаҳои таърихӣ таҳияи Ҷӯрақул КАЮМОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ