Эҳёи бозиҳои миллӣ ё худ чиллаку ланкабозиро медонед?

Эҳёи бозиҳои миллӣ ё худ чиллаку ланкабозиро медонед?

Солҳои охир шоҳиди он мегардем, ки баъзе аз бозиҳои миллӣ аз байн рафтаанд ё фақат дар ҷашнҳо бозӣ карда мешаванд. Дар вақтҳои дигар бошад он бозиҳо ба назарнамерасад. Гӯё бачаҳо ҳавсала надоранд, ки ҷамъ шуда, бо якдигар қувваозмоӣ намоянд. Мо бо ин мақсад ба якчанд нафар муроҷиат намудем, ки чӣ тавр бозӣ кардани бозиҳои миллӣ, аз қабили «чиллакбозӣ», «ланкабозӣ», «сангчабозӣ», «арғамчинкашӣ» ва монанди инҳоро медонанд. Зеро, ҳар яки ин бозиҳо барои ҳамаҷониба обутоб ёфтани наврасон аҳамият дорад. Масалан, агар чиллакбозӣ ҳангоме, ки иштирокчӣ дар масофаи муайяншуда «зу» гӯён медавад роҳҳои нафас мустаҳкам мешавад, агар ланкабозӣ пойҳоро боқувват кунад, сангчабозӣ ҳисси ангуштони дастонро бедор месозад.

Сирена ЗОКИРОВА, хонандаи синфи 4-уми мактаби таълими умумии рақами 38-и ноҳияи Самарқанд:
– Ману хоҳарам ва додарчаам ҳамроҳи модаркалонам зиндагӣ мекунем. Падару модарамон дар мамлакати хориҷа кор мекунанд. Ман ҳар рӯз то вақти мактабравӣ ба модаркалонам кӯмак мерасонам. Ба дарстайёркунии хоҳарчаам ёрӣ медиҳам. Дар вақти холӣ ҳамроҳи хоҳару додарчаам гоҳ тӯббозиву зочабозӣ, асонагӯиву чистонхонӣ мекунем. Мо телефони мобилӣ надорем. Бо падару модарамон ба воситаи телефони симӣ гап мезанем. Ҳатто барои тамошои телевизор низ модаркалонам вақти муайян ҷудо кардаанд, дигар соатҳо мо дарсҳоямонро тайёр карда, китоб мехонем. Дар рӯзҳои истироҳат ҳамроҳи ҳамсолонамон бозиҳои «руструсакон», «кани кӣ босуръат медавад» бозӣ мекунем.

Руслан АБДУРАҲМОНОВ,
хонандаи синфи 8-и мактаби таълими умумии рақами 37-и ноҳияи Самарқанд:
– Ҳоло ҳамаи ҳамсолонам телефони мобилӣ доранд, аз ҷумла ман ҳам. Ҳар кадомамон дар телефонҳоямон бозиҳои гуногун сабт кардаем. Бинобар ин, дар вақтҳои холӣ ба воситаи телефон бозӣ мекунем. Ғайр аз ин, ба футболбозӣ шавқи зиёд дорам. Гоҳ – гоҳ бо дӯстонам футболбозӣ мекунем. Ҳар сол дар фасли баҳор ҳатман бодбарак сохта мепарронам. Ягон маротиба чиллакбозӣ накардаам, вале ланкабозиро медонам. Барои ман бозиҳои телефон шавқовартар аст.

Замира ҲУСЕНОВА,
нафақахӯр аз маҳаллаи Оқмасҷиди ноҳияи Самарқанд:
– Дуруст, давраҳое, ки мо ҷавон будем бисёр бозиҳои шавқовару аҷоиб буд. Писарҳо чиллакбозӣ, ланкабозӣ, гӯштингирӣ менамуданд, канӣ кӣ зӯртар гӯён оринҷи дасташонро рӯйи миз ё замин гузошта, ангуштони якдигарро медоштанду қувваозмоӣ мекарданд. Мо духтарон чилкокулон, сангчабозӣ, буҷулбозӣ, байтбаракбозиву чистонгӯйӣ ва ҳатто баъзе нафарон ҳамроҳи писарҳо чиллакбозӣ мекардем. Ҳоло ин гуна бозиҳо гӯёки аз байн рафтаанд. Ҳатто зочабозиро ҳам қариб мушоҳида намекунед. Аз кӯдаки дусола сар карда, телефонро сарфаҳм мераванд. Баъзан ҳайрон мешавам. Ҳоло дар мағозаҳо ҳазору як намуд зочаҳо мавҷуд. Дар ҳар як хонадони кӯдакдор низ ба ҷинси кӯдак нигоҳ карда, бозичаҳои рангоранг бисёранд. Аммо бачаҳо ба ҷое, ки яке аз онҳоро бозӣ кунанд, дар даст телефон гирифта, чашм аз он намекананд. Охир, дар давраҳои бачагии мо зочаҳо куҷо буд. Дар хонадонҳои ангуштшумор якто зоча ва ё мошинча дидан мумкин буд. Бисёриҳо зочаҳоро аз матоъ медӯхтанд. Баъзан андеша мекунам, ки оё ин рафтори имрӯза ба сериву пурӣ ношукурӣ нест? Ба воситаи оинаи нилгун ҳам, радиову рӯзномаҳо ҳам шунидаему хондаем, ки аз ҳад зиёд истифодаи телефон ба саломатии инсон зарар дорад. Мо вазифадорем, ки ба насли наврас аҳамияти бозиҳои миллиро фаҳмонем ва онҳоро аз ҳар гуна бозиҳои интернетӣ, ки шуурашонро заҳролуд месозад дур дорем. Барои ин, байни маҳаллаҳо аз рӯйи бозиҳои миллӣ мусобиқаҳо ташкил кардан мумкин аст. Зеро бисёрии ҷавонони имрӯза ҳатто намедонанд, ки ин бозиҳо чӣ тавр иҷро карда мешавад.
Имрӯз баробари мамлакатҳои ҷаҳон, дар кишвари биҳиштосои мо низ бемории сироятии коронавирус доман паҳн мекунад. Аз тарафи ҳукумати кишвар бо мақсади пешгирии васеъ паҳн шудани ин беморӣ чорабиниҳои зиёд андешида мешавад, ки яке аз онҳо муваққатан аз мактаб озод кардани хонандагон мебошад. Агар бачаҳо дар хона, ҳамроҳи бародару хоҳарони худ чунин бозиҳоро бозӣ кунанд, вақти фароғаташон хуш мегузарад ва саломатияшон низ мустаҳкам мешавад. Дар хона бимонед ва китоб хонда, бо бозиҳои миллӣ машғул шавед!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ