Муаммоҳои иқтисодиёт дар даври пандемия

Муаммоҳои иқтисодиёт дар даври пандемия



Пандемияи коронавирус баробари ба миён овардани як қатор муаммоҳои нави мураккаб, имконият медиҳад, ки ба самаранокии тағйиротҳои иҷтимоӣ-­иқтисодӣ дар даври нави тараққиёти Ӯзбекистон ва мустаҳкамии болини бехатарие, ки дар асоси онҳо ташкил карда мешаванд, баҳо диҳем.
Ҳоло кӯшиш мекунем дар бораи натиҷаҳои манфии имконпазире, ки иқтисодиёти мамлакатамон метавонад дар оянда бо он рӯ ба рӯ шавад ва роҳҳои бартараф кардани ин натиҷаҳоро, агар таҳдиди беруна характери номаълуми дарозмуддат дошта бошад, андеша кунем.
Таҳлили вазъият дар фаъолияти сармоягузорӣ (инвеститсионӣ) сазовори диққати махсус аст. Чунки таъминкунандаи асосии дастгоҳҳое, ки барои ташкили қувваҳои истеҳсолии нав заруранд, тармим ва бо таҷҳизоти нав таъмин кардани корхонаҳое, ки ҳоло фаъолият доранд, компания­ҳои Хитой мебошанд. Тасаввур кардан душвор нест, ки агар ба ҷадвали овардани таҷҳизоте, ки дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ пешбинӣ шудаанд ва миллиардҳо доллар арзиш доранд, ба таври ҷиддӣ риоя карда нашавад, афзоиши иқтисоди мамлакат то чӣ андоза суст мешавад ва пешбиниҳои роҷеъ ба ташкили ҷойҳои нави корӣ тағйир меёбанд. Ин факти ногузир аст ва мамлакати мо ба чунин вазъият таъсир расонда наметавонад. Агар фактори даври мавсимии истеҳсолотро ба ҳисоб гирем, зарарҳои иқтисодӣ аз як қатор лоиҳаҳо ба натиҷаҳои иқтисодӣ солҳои оянда метавонанд таъсири манфӣ расонанд. Дар чунин ҳолат тадбиркорон фоизҳои миллионинаи кредитҳои хориҷиро бо риоя ба нақшаи баргардонидани онҳо чӣ хел мепардозанд. Ба ин савол ҳоло посухҳо нестанд.
Оё баъди ба вуҷуд омадани вазъияти нав рафтори бонкҳои тиҷоратии ватанӣ, ки то ҳол бад шудани вазъи молиявии кредиторҳои худро мушоҳида мекарданд, тағйир меёбанд?
Онҳо кафи дастони худро мамнунона соиш медиҳанд, ки ба таъхир гузоштани мӯҳлати баргардонидани кредит, ба зиёд шудани даромади онҳо аз миқдори фоизҳои баландшуда меорад.
Мунтазири бурд шудан соддалавҳист, чунки ба сифати гаров, чун қоида биноҳои кӯҳна, дастгоҳҳои маънан ва ҷисмонан фарсудашударо гузоштаанд. Аз бонкҳои мо тафовут карда, ҳамкорони онҳо аз мамлакатҳои иқтисодан ривоҷёфта ҳамаи нерӯи худро ба он сарф мекунанд, ки ба устувории молиявии мизоҷони худ ёрӣ диҳанд. Бешак, танҳо ба роҳ мондани муносибатҳои барои тарафҳо фоиданоки ҳамкорӣ, имконияти баланд бардоштани самаранокии ҳам фаъолияти бонкӣ ва ҳам истеҳсолиро медиҳад.
Вазъияти ба миён омада, ба дар амалиёти ҷаҳонӣ қабулшудаи принсипи ҷалб кардани инвеститсияҳо «беҳтараш камтару хубтар» гузаштанро тақозо мекунад.
Ҳисобу китобҳо нишон медиҳад, ки барои ба афзоиши 6 фоизаи маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД) муяссар шудан зарурати дар оянда низ зиёд кардани ҳаҷми онҳо нест. Ҳоло дар мадди аввал вазифаи зиёд кардани эффектнокии фаъолияти инвеститсионӣ, то равшан шудани тараққиёти соҳаҳо маҳдуд намудани азхудкунии хориҷӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти Ӯзбекистонро таъмин мекунанд, гузошта мешавад. Воситаҳои Фонди зидди бӯҳрони дар навбати аввал бояд барои мӯътадилии молиявии корхона, ки фаъолият мебаранд, ба нигоҳ доштани дараҷаи истифодаи қувваҳои истеҳсоли ва ҷойҳои кории қаблан ташкилшуда равона карда шаванд. Агар ба модернизатсияи онҳо ба нигоҳ доштани коллективҳои меҳнатие, ки дар давоми солҳои тӯлонӣ ташаккул ёфтаанд, эътибор дода шаванд, воситаҳои калоне сарф карда мешаванд. Ба як кор даровардани қувваҳои истеҳсолии нав бояд бо дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодии тараққиёти мамлакат мутобиқат кунанд.
Ба ин муносибат хуб мешуд мулоҳизаи олимони иқтисодиро дар бораи ғояи зерин мегирифтем. Ба фикри томи мо, вазъият конюктурае, ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба миён меояд, зарурати сӯи бозори дохилӣ рӯ овардани фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулотро тақозо мекунад. Ғайр аз нигоҳ доштани шумораи ҷои корӣ, фаровон кардани бозор бо маҳсулоти ватании нархҳояш нисбатан арзон имконияти зиёд кардани суръати раванди кам шудани шумораҳои оилаҳои камбағалро медиҳад. Дар ин самт риоя ба андозаҳои сифат, ки ба муаммои нарасидани кормандони соҳибихтисос вобаста аст, шарти ҳатмӣ мебошад.
Агар барои расондани гандум ба фермери хоҷагии танҳо

як нафар агроном кифоя бошад, ташкилоти кластерии меваву сабзавот дучанд зиёд тайёр кардани ҳам агрономҳо ва ҳам муҳандисони ходимони техникии миёнаро талаб мекунад. Тағйирот дар маҷмӯи агросаноатӣ ин муаммоҳоро ба рӯй бароварданд. Ба ин муносибат саволи табиӣ пайдо мешавад: аз нав ташкилкардани маҷмӯи тайёр кардани кадрҳо, аз ҷумла соҳиби маълумоти олӣ ва миёнаи махсус дар кадом дараҷа ба тадқиқотҳои маркетингиӣ, омӯхтани талаботи амалӣ ба кадрҳои кишоварзӣ ва муассисаҳои консервбарорӣ, қаннодӣ, гӯшту ширӣ, ва дигар соҳаҳо маҷмӯи агросаноатӣ такя мекунад.
Агар кластерҳои бофандагии аз нав ташкилшаванда ба ҳар ҳол мумкин имконияти ҷалб намудани мутахассисони хориҷии музди корашон баландро дар назар доранд, вале аксарияти муассисаҳои саноати хурокворӣ, ки барои модернизатсияи худ норасоии захираҳои молиявиро сахт ҳис мекунанд, ба чунин амал қодиранд.
Қоидаҳои интихоби сармоягузорони хориҷӣ низ аҳамияти кам надоранд. Чунин ҳолатро тасаввур кунед. Компанияи бонуфузи сармоягузори хориҷӣ чанд сол боз хизмати худро барои ҷалб кардани 7 миллиард евро сармоя ба соҳаҳои стратегии мамлакати мо пешниҳод мекунад, ки аз он 2 миллиард евро барои инкишофи инфрасохтори иҷтимоӣ пешниход шудаст. Барои беҳтар аён намудани ин масъала ҳаминро илова мекунем, ки онро ба муддати 10 сол бо фоизи солонаи 0,5 таклиф мекунанд. Табиист, ки роҳбари он чунин ҳамкориро пешниҳод карда, мехоҳад дар сатҳи дахлдор соатҳоро мутобиқ кунад. Вале муносибати саҳлнигорона дар ин масъала бар зарари кор аст. Вақте ки ба мулоқоти чунин намоянда ҷонишини директори яке аз соҳаҳои вазорати дахлдорро мефиристанд, натиҷаи мусбии чунин гуфтушунидро умед карда намешавад. Оё ин сабаб нест, ки дар бораи натиҷаҳои «Харитаи роҳ» ки барои ба даст овардани муваффақиятҳои назаррас дар иқтисодиёти Ӯзбекистон таҳия ва равона карда мешаванд, мулоҳиза намоем?
Гӯё худи давр хайрхоҳона имконияти ҷалб кардани сармояҳоро бо шартҳои фоиданоки то ҳол набуда пешниҳод мекунад.
Пӯшида нест, ки истеъмолчии асосии маҳсулоти маҷмӯи агросаноати мамлакати мо Федератсияи Россия ва дигар иштирокчиёни ИДМ мебошанд. Вазъияти ба миён омада имконияти банд кардани як қисми сегментҳои бозор, ки ба таври анъанавӣ ба ширкатҳои Хитой дахл доранд, аз ҷумла роҷеъ ба консервҳои меваву сабзавотро медиҳад. Вале як муаммо мавҷуд: аксарияти муассисаҳои мо роҷеъ ба истеҳсоли онҳо маънан ва ҷисмонан кӯҳна шудаанд ва ба тармим эҳтиёҷ доранд.
То ба қарибӣ дастгоҳҳои аз мамлакатҳои мазкур оварда, чун асоси потенсиали содиротии Ӯзбекистон хизмат мекард. Ҳамин тавр бошад, чаро ҳангоми ташкили кластерҳои нави меваву сабзавот ба потенсиали иқтисодии мамлакатҳои узви Иттифоқи иқтисодии Евроосиё ба тарзи нав нигоҳ кардан, ба ташкили муассисаҳои муштарак бо иштироки сармояи онҳо эътибор додан, муаммои бо механизатсияи корҳои кишоварзӣ вобастаро ҳал кардан мумкин нест?
Вазифаи барои соли 2020 муайяншуда роҷеъ ба дучанд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти витамини ба шарте амали мешавад, ки муносибат ба ҳалли муаммои таъминоти об ба таври қатъӣ тағйир ёбад.
Дар урфият мегӯянд, ки як дӯсти дерина аз ду дӯсти нав беҳтар аст, ки қобилияти ҳамсояи шимолиро дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, химия ва дигари муҳими саноат, маҳорати нигоҳ доштани устувории иқтисодиро ҳатто зерӣ чораҳои иқтисоди(санксия)-и ғарб намедонад?
Бинобар ин, аз як канор ба канори дигар рафта, зери хатари иловагӣ гузоштани иқтисодиёти миллӣ, ки бе ҳамин ҳам гирифтори номутаносибии мураккаб шудааст, маъное надорад. Тадқиқотҳои маркетингии амиқ кифоя будани маҳдуд кардани доираи мамлакатҳои содироткунандаро то даҳ давлат бо равона кардани қувваи асосӣ ба бозорҳои Россия ва Қазоқистон тасдиқ мекунад. Оё яке аз сабабҳои асосии кифоя набудани эффективии фаъолияти тиҷоратии беруна, пайваста зиёд шудани савдои манфӣ дар савдои беруна ҳамин нест!
Иқтисодиёти мо чун иқтисодиёти мамлакатҳои дигар ба вазъияти бозори байналмилалии энергиядиҳандаҳо вобаста аст, бинобар ин паст шудани нархи нефт дар ду самт таъсири манфӣ мерасонад.
Якум, ба таври назаррас кам шудани даромадани асъор аз содироти гази табиӣ ҳам дар Хитой ва мамлакатҳои дигар рӯй медиҳад. Сатҳи тарифи онҳо аз нарх

и нефт дар дунё вобаста аст, ки он бо таъсири пандемия қариб ду баробар кам шуд.
Дуюм, бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Федератсияи Россия, ки иқтисоди он ба содироти энергиядиҳандагон сахт вобаста аст, ба якбора кам шудани омадани пулҳо, ки шаҳрвандони дар мигратсияи меҳнатӣ будаи мо мефиристанд, меорад. Дар натиҷа қобилияти харидории аҳолӣ паст шуда, ҳаҷми савдо дар бозори дохилӣ кам мешавад.
Иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар остонаи бӯҳрони молиявӣ иқтисодии глобалии ҷиддӣ нисбат ба бӯҳроне, ки соли 2008 рӯй дода буд, меистад. Инро паст шудани нархи коғазҳои қиматнок қариб дар ҳамаи биржаҳои фондии дунё, ки дар ду даҳсолаи охир мушоҳида карда нашудааст, низ тасдиқ мекунад. Суст шудани суръати пешравии иқтисодиёти Хитой ба суст шудани инкишофи иқтисодиёти тамоми дунё меорад. Бе ҳеҷ шубҳа, ин ба иқтисодиёти Ӯзбекистон низ таъсири манфӣ мерасонад.
Чораҳои барномаи зиддибӯҳроние, ки соли 2009 дар Ӯзбекистон таҳия шуда буд, барои устувории иқтисодиёт хизмат карда натавонист, чунки дар таҳияи он муносибати саҳлнигорона ва шитобкорона карда, ба талаботи умумии қонунҳое, ки хоси иқтисоди бозорӣ мебошанд, риоя накардаанд. Имрӯз шаҳрвандони мамлакат ба як савол мароқ зоҳир мекунанд: дар оянда муносибат ба бартараф кардани таъсири манфии пандемияи короновирус чӣ хел такмил дода мешавад? Чунки конюнктураи бозори дунё ва вазъи мураккаби имрӯзаи иқтисодии мамлакат аз вазъияте, ки дувоздаҳ сол пеш буд, кам нест.
Вале он чиз умед мебахшад, ки дар мамлакати мо барои бартараф кардани бӯҳрони иқтисодии навбатӣ захираҳои молиявии кифоя мавҷуд аст. Муҳим идораи дурусти онҳо мебошад.

Илҳом ВАФОЕВ,
шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ