Деҳқонони Самарқанд заминро чӣ гуна истифода мебаранд?

Деҳқонони Самарқанд заминро чӣ гуна истифода мебаранд?


Бо мақсади омӯхтани вазъи заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ, истифодабарии аҳолӣ аз заминҳои наздиҳавлигӣ гурӯҳи кории ҷумҳурӣ иборат аз вакилони Шӯрои фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминдорони Ӯзбекистон, Ҳизби либарел-демократии Ӯзбекистон, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила ба вилояти Самарқанд омаданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ бо сарварии раиси Шӯрои фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминдорони Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи Шӯрои сиёсии Ҳизби либарел-демократии Ӯзбекистон Актам Ҳаитов нахуст ба ноҳияи Булунғур рафта, вазъи кишти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолиро омӯхтанд.
Дар рафти вохӯриҳо аъзоёни гуруҳи корӣ гувоҳ гардиданд, ки боғбонҳо аз ҳар як ваҷаби замин самаранок истифода бурда, даромади хуб ба даст меоранд. Зимни сӯҳбатҳо таъкид гардид, ки замин манбаи ризқу рӯзӣ, даромади иловагӣ, роҳи босамари таъмини мардум бо шуғли доимӣ мебошад.

Дар деҳаи мо аксари оила аз замин босамар истифода мебаранд, — мегӯяд соҳибкор И.Кушинов. – Сокинони мо дар заминашон гармхонаи хурд сохта, помидор, бодиринг ва кабудиҳо парвариш мекунанд ва бо ин роҳ на танҳо ба оилаашон даромад меорад, балки дар беҳбудии кишварамон низ саҳми арзанда мегузоранд.
Аъзоёни гурӯҳи корӣ инчунин бо фаъолияти деҳқонии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии ноҳияҳои Пастдарғам, Самарқанд ва дигар ноҳияҳои вилоят шинос шуданд.

Хизмати матбуоти Шӯрои вилоятии Ҳизби либарел-демократии Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ