Консултатсияи бемузди ҳуқуқшинос ва психологҳо ба занҳое, ки ба онҳо дар оила зулм мекунанд

Консултатсияи бемузди ҳуқуқшинос ва психологҳо ба занҳое, ки ба онҳо дар оила зулм мекунанд


Даври карантин барои бисёр оилаҳо вақти санҷишҳои ҷиддӣ шуд. Дар ин рӯзҳо дар бисёр мамлакатҳои дунё афзоиши шумораи ҷанҷолу ҷудошавиҳо дар оила мушоҳида карда мешаванд,- навиштааст дар Телеграм- канали худ раиси Сенат Танзила Норбоева.
Ба гуфти вай, дар чунин вазъият бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи занҳо, пешгирии зулм ва ҷабр нисбати онҳо аз 10-уми апрел фаъолияти «Телефони боварӣ» ба роҳ монда шуд.
Акнун занҳо метавонанд аз оператор дар масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар оила консултатсияҳои ройгон гиранд:

  • Ҳуқуқшинос — 99897 137 26 26
    -Рӯҳшинос — 99897 137 27 27
  • Оператори » телефони боварӣ» — 99897 137 24 24
    » Занҳо метавонанд ба ҳамаи саволҳои худ посухҳои муфассали мутахассисонро гиранд». Хизмати «телефони боварӣ» дар давоми се моҳ фаъолият мебарад. Он ҳар рӯз аз соати 8:00 то 18:00 кор мекунад, — қайд кардааст. Т. Норбоева.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ