Конор беморхонаҳои Ирландияро бо таҷҳизоти зарурӣ барои мубориза бо коронавирус таъмин намуд

Конор беморхонаҳои Ирландияро бо таҷҳизоти зарурӣ барои мубориза бо коронавирус таъмин намуд

  • Post category:Ҷаҳон


Собиқ қаҳрамони UFC дар ду вазн, Конор МакГрегор тамоми беморхонаҳои Ирландияро бо таҷҳизотҳои муҳофизатӣ ва дезинфексиони барои мубориза бо коронавирус таъмин намудааст.
Дар ин бора ҳамсари варзишгар Ди Девлин дар саҳифаи Instagram хабар медиҳад.
Тавре, ки Ди Девлин  дар саҳифааш менависад : «Ман аз ту хеле ифтихор мекунам, Конор! Ман худам солҳо дар беморхона кор мекардам ва медонам, ки ҳаёти табибон барои ҳифзи ҳаёти мо чӣ қадар душвор аст. Таъмини онҳо бо тамоми воситаҳои зарурӣ барои мубориза ба ин бемории даҳшатнок ва ҳимояи онҳо ҳангоми иҷрои вазифа амали наҷиб аст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ