Маргарет Харрис: пандемияи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ҳоло ба авҷи ниҳоии худ нарасидааст

Маргарет Харрис: пандемияи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ҳоло ба авҷи ниҳоии худ нарасидааст

  • Post category:Ҷаҳон


Намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Маргарет Харрис изҳор дошт, ки пандемияи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ҳоло ба авҷи ниҳоии худ нарасидааст.
Тавре Медуза бо истинод ба Reuters хабар медиҳад, дар Аврупо вазъ гуногун аст: дар Италия ва Испания вазъи марбут бо коронавирус беҳтар шуда, лекин дар Британияи Кабир ва Туркия ҳоло ҳам афзоиши шумори сироятёбӣ сабт мешавад.
Гуфта мешавад, ба Аврупо ва ИМА дар маҷмӯъ 90%-и ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус рост омада, дар Чин то ҳанӯз ҳолатҳои аз хориҷ воридшудаи коронавирус, асосан аз Русия ба қайд гирифта мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ