Иттиҳоди Аврупо барои пешгирии COVID-19 дар Тоҷикистон то 48 миллион евро ҷудо мекунад

Иттиҳоди Аврупо барои пешгирии COVID-19 дар Тоҷикистон то 48 миллион евро ҷудо мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


Иттиҳоди Аврупо ният дорад то 48 миллион евро ҳамчун кумак ба Тоҷикистон барои пешгирии COVID-19 пешниҳод намояд.
Дар ин бора дар рафти вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурияти Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурияти Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсонро қайд гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурияти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар кишварро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин, сафир Мэрилин Йосефсон изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ният дорад то 48 миллион евроро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон барои бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод намояд.
Дар суҳбат ҳамчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ