Шавкат Мирзиёев: Вақту имкониятеро, ки имрӯз аз даст медиҳем, фардо барқарор кардан имконнопазир аст


Қаблан хабар дода будем, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев конфронси видеоӣ баргузор намуд, ки дар он мушкилоти мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ дар Ӯзбекистон дар шароити бӯҳрони ҷаҳонӣ ва пандемия баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ Президент қайд намуд, ки ягон системае, ки дар кишвар амал мекунад, қатъ нагардидааст ва бо дарназардошти вазъият ва саломатии мардум, кор ба тариқи дигар сурат гирифтааст.
Шавкат Мирзиёев гуфт, ки «фаъолиятҳои марбут ба меҳнати рӯҳӣ, таълиму тарбиявӣ ба таври фосилавӣ онлайн сурат мегиранд. Президент ба роҳбарон гуфт, ки муҳим аст, ки кор дар бахшҳои калидии иқтисод қатъ нагардад ва маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа фурӯхта шаванд.
«Ҳангоми суханронӣ ба роҳбарон, мехоҳам бигӯям, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бояд фаъолияти пурсамарро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва сохтмон, дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, субъектҳои соҳибкорӣ идома диҳем. Азбаски рӯз интизор намешавад, ҳаёт идома меёбад ва вақту имкониятеро, ки имрӯз аз даст медиҳем, фардо барқарор кардан мумкин нест. Ғайр аз ин дар пеши мо бо хӯрокворӣ таъмин кардани 34 миллион нафар аҳолӣ, инчунин вазифаи бисёр маҳсулоти худро содир кардан меистад.
Сарвари давлат ба масъалаи карантин дахл карда, гуфт, ки қарори дахлдор пас аз баррасиву дақиқ бояд қабул карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ