Коронавирус ба ду вилояти дигари Россия, ки то ҳол аз ин беморӣ холӣ буданд, роҳ ёфт. Шумораи умумии сироятёфтагон ба 24 ҳазору 490 нафар расид

Коронавирус ба ду вилояти дигари Россия, ки то ҳол аз ин беморӣ холӣ буданд, роҳ ёфт. Шумораи умумии сироятёфтагон ба 24 ҳазору 490 нафар расид
  • Post category:Ҷаҳон


Раванди паҳншавии маризии коронавирус дар Русия дар ҳоли афзоиш аст. Бар хабари ситоди фаврӣ бобати ин маризӣ, танҳо давоми як шабонарӯз дар Русия 3388 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон теъдоди қурбониён низ ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст. Танҳо дар як шабонарӯз 28 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд. Инчунин табибон тавонистанд ин бемориро аз вуҷуди 292 нафар берун оранд ва шабонарӯзи гузашта онҳоро аз беморхона мураххас намуданд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз роҳ ёфтани ин маризӣ ба ду вилояти дигари Русия — Чукотский ва Ненетский, ки то ҳол аз коронавирус орӣ буданд, акнун гирифтори ин маризӣ шуданд.
«Ҷамъан, тӯли як шабонарӯз дар 65 вилояти Русия, 3388 нафар гирифтори коронавирус гардиданд, — омадааст дар манбаъ.
Аз сирояти нав 1774 нафар дар Маскав, 272 нафар дар вилояти Маскав, 137 дар вилояти Мурманск ва 130 нафар дар Санкт-Петербург ба қайд гирифта шудаанд.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Русия 24 ҳазору 490 бемор дар 84 вилояти кишвар сабт гардидаанд. Аз замони ворид шудани ин маризӣ ба қаламрави Федератсияи Русия, 198 нафар ҷон бохта, 1 ҳазору 986 нафар шифо ёфтанд ва аз беморхона мураххас гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ