COVID-19: то имрӯз 2 миллиону 65 нафар сироят ёфт, 484 ҳазору 573 кас табобат карда шуд ва 126 ҳазор 753 нафар вафот кард

COVID-19: то имрӯз 2 миллиону 65 нафар сироят ёфт, 484 ҳазору 573 кас табобат карда шуд ва 126 ҳазор 753 нафар вафот кард

  • Post category:Саломатӣ


Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 65 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 484 ҳазору 573 кас ва фавтидагон 126 ҳазор 753 тан мебошад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 614 ҳазору 246 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 26 ҳазору 59 нафар ва шумораи шифоёфтагон 38 ҳазору 820 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 174 ҳазору 60 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 3 961 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 18 ҳазору 255 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 67 ҳазору 504 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 162 ҳазору 488 нафар ва теъдоди фавтидагон 21 ҳазору 67 нафар мебошад. Дар Франсия 143 ҳазору 303 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 15 729 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 132 ҳазору 210 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 3 495 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 93 ҳазору 873 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 12 ҳазору 107 нафар мебошад.
Дар Чин 82 ҳазору 295 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз ҳамагӣ 46 ҳолати нав ошкор гардид. Ҳамчунин дар он 3 342 нафар вафот кардаанд.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 74 ҳазору 877 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 683 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия 65 ҳазору 111 нафар ва дар Белгия – 31 119 нафар мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ