Эрон: то имрӯз қариб 50 ҳазор нафар гирифторони коронавирус сиҳат гардиданд

Эрон: то имрӯз қариб 50 ҳазор нафар гирифторони коронавирус сиҳат гардиданд

  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 49 ҳазору 933 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати тандурустии Эрон рӯзи чоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, аз раванди нузулии ибтило ба вируси корона дар кишвар гуфт.
«Дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 1 ҳазору 512 бемори нави мубтало ба коронавирус шиносоӣ шудаанд, ки дар маҷмуъ теъдоди афроди мубтало ба ин вирус дар кишвар ба 76 ҳазору 389 нафар расидааст», — хабар додаст «Парстудей» аз қавли Ҷаҳонпур.
Ҷаҳонпур бо ишора ба фавти 94 бемори дигар дар 24 соати гузашта афзудаст, ки дар маҷмуъ аз замони паҳншавии вируси корона дар Эрон то кунун 4 ҳазору 777 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Хабаргузорӣ афзудааст, мардуми Эрон низ дар саросари кишвар бо роҳандозии размоиши саросарӣ кумаки муъминона барои хидматрасонӣ ба ниёзмандон ва ақшори осебдида аз бемории корона ва афроде, ки кори худро бар асари шуюъи ин вирус аз даст додаанд, вориди амал шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ