Путин барои дастгирии буҷаҳои минтақавӣ 200 миллиард рубл ҷудо кард

Путин барои дастгирии буҷаҳои минтақавӣ 200 миллиард рубл ҷудо кард

  • Post category:Асосӣ


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ҷаласаи онлайнӣ бо аъзои Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ барои дастгирии бахши соҳибкорӣ ва иқтисодро пешниҳод кард.
 Путин дастур дод, ки дар пасманзари зуҳури пандемияи коронавирус ширкатҳоеро, ки ба фурӯши чаканаи маводи ғайриғизоӣ машғуланд, ба феҳрасти нисбатан зиёндидаҳо шомил шаванд.
Инчунин пешниҳод шуд, ки аз ҷониби давлат ба бахши соҳибкории  хурду миёна дар сурати ҳифзи 90 дарсади ҷойҳои корӣ сари ҳар корманд ба андозаи музди ҳадди ақали  меҳнат ҳармоҳа пардохта шавад.

Ҳукумат бояд чораандешӣ кунад, то дархостҳо барои гирифтани ин кумак давоми моҳ, сар аз 1 май имконпазир шавад. Ин низом бояд содаю фаҳмо бошад”, — изҳор дошт Путин.
Ӯ таъкид кард, ки кумаки давлат ба бахши хусусӣ барои моҳи апрел бояд сар аз 18 май ба суратҳисоби ширкатҳо гузаронда шавад ва мувофиқан кумакҳои моҳи май дар июн гузаронда мешаванд.
Таҳияи феҳрасти ширкатҳои низомсоз ва пешниҳоди маблағҳои иловагӣ барои дастгирии онҳо аз бахши дигари дастуроти Путин ба Ҳукумат буд.
Супориш дода шуд, ки 200 миллиард рубл барои дастгирии буҷаҳои минтақавӣ равона карда шавад.
Барои дастгирии бахши ҳавонавардӣ, ки дар пасманзари марзбандиҳою маҳдудсозии парвозҳо зиён дидааст, 23 миллиард рубл ҷудо мегардад.
Раисиҷумҳури Русия инчунин иттилоъ дод, ки 16 апрел ҷаласа барои ироаи кумак ба бахши сохтмон, саноати мошинсозию ҳавонавардӣ ва дигар бахшҳои иқтисод баргузор хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ