Шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус  дар Россия ба 25 ҳазор нафар наздик шуд. Вазъият дар дигар кишварҳои ИДМ чӣ хел?

Шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус  дар Россия ба 25 ҳазор нафар наздик шуд. Вазъият дар дигар кишварҳои ИДМ чӣ хел?

  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси 
COVID-19  дар  Россия  3388 нафар зиёд шуда, 24 490 нафарро ташкил 
медиҳад. 
Теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин давлат зиёд шуда, мутаносибан ба 1 986 ва 198 нафар расид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Шумораи сиротяёфтагон дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Украина ба 3 764 нафар, Қазоқистон ба 1 275 ва Арманистон ба 1111 нафар расид. Дар дигар кишварҳои Иттиҳод бетағйир боқи монда, дар Беларус – 3 281 нафар, Молдова – 1 934, Озарбойҷон – 1 197 ва Қирғизистон – 449 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 1 986 нафар, Озарбойҷон – 351, Арманистон – 297, Беларус – 203, Қазоқистон – 203, Молдова – 171, Украина — 143 ва Қирғизистон – 78 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 198 ҳолат, Украина – 108, Молдова – 41, Беларус – 33, Арманистон – 17, Қазоқистон – 15, Озарбойҷон – 13, Қирғизистон – 5 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони шумораи мубталоён ба коронавирус ба 784 нафар расида, 43 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 25 тани дигар вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ