Дар Олмон тадбирҳои зидди паҳншавии коронавирус сабук карда мешаванд. Дӯконҳо аз 20-уми апрел ва мактабҳо аз моҳи май кушода мешаванд

Дар Олмон тадбирҳои зидди паҳншавии коронавирус сабук карда мешаванд. Дӯконҳо аз 20-уми апрел ва мактабҳо аз моҳи май кушода мешаванд


Қаблан, як кишвари дигари Аврупо, Дания, бекор шудани баъзе маҳдудиятҳо доир ба кушода шудани мактабҳо ва ҳаракати шаҳрвандонро эълон карда буд.
Канцлери Олмон Ангела Меркел консепсияи баромадан аз сохтори изолятсия, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар кишвар ҷорӣ карда шудааст, пешниҳод кард.

Назар ба пешниҳоди ӯ, дӯконҳои хӯрокворие, ки дорои масоҳати то 800 метри мураббаъ мебошанд, метавонанд бо чораҳои зарурии санитарӣ ба кор шурӯъ кунанд.
Мактабҳо аз 4-уми май — аввал барои хатмкунандагон ва сипас барои синфҳои поёнӣ оғоз мешаванд. То охири тобистон манъ кардани чорабиниҳои оммавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳукумат ҳар ду ҳафта вазъиятро назорат карда стратегияро ба тартиб медарорад.
Дар Олмон, 133,000 мавриди сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо қариб 3500 нафар вафот кардаанд.
Дар Испания корхонаҳо аз рӯзи душанбе фаъолиятро дубора оғоз карданд. Рӯзи сешанбе дар Италия мағозаҳо боз шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ