Феллайни аз коронавирус раҳо ёфт

Феллайни аз коронавирус раҳо ёфт

  • Post category:Ҷаҳон


Охирҳои моҳи март маълум гардид, ки нимҳимоятгари ҷамоаи «Шандун Лунэн»-и Чин — Маруан Феллайни ба бемории сироятии коронавирус гирифтор шудааст.
Баъди 3 ҳафтаи табобат вазъи саломатии ӯ барқарор шуду аз беморхона рухсат ёфт. Вале барои эҳтиёт ин футболбози 32 соларо боз ба муҳлати 2 ҳафтаи дигар дар карантин зери назорати духутурон мешинонанд.  
Маруан мавсими аввали худро дар Чин бобарор гузаронид. Ӯ дар 34 бозӣ муаллифи 12 гол ва 5 партофти головар гаштааст. Ёдовар мешавем, ки моҳи ҷорӣ бояд чемпионати Чин барқарор шавад, вале бинобар набудани легионерҳо гуфта мешавад, ки бозиҳо ба дер гузошта мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ