Ба тадбиркорон барои ташкил кардани бозори сайёри маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ иҷозат дода мешавад

Ба тадбиркорон бо шарти истифода бурдан аз автомошинҳои махсуси тиҷоратӣ ба ташкил кардани бозори сайёри молҳои мавсимӣ иҷозат дода шуд. Бо сабаби карантин фаъолияти бозорҳои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ қатъ гардида буд. Эҳтиёҷи аҳолӣ ба либосворӣ, техникаи хоҷагӣ ва мисли инҳо тавассути дӯконҳои Интернет қисман қаноатманд мегардид. Ҳаво гарм мешавад. Корҳои саҳроӣ авҷ мегиранд. Барои ташкил намудани корҳо ба ғайр аз тухмиву кӯчатҳо молҳои хоҷагӣ лозим мешавад. Ин сабаб дар ҷойҳо бозорҳои сайёри маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ташкил мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ