«Челси» ниммуҳофизатгари худ Кантеро «мефурӯшад»


Ҷамоаи лондонии “Челси” нақша дорад, ки ниммуҳофизатгари худ Н’Голо Кантеро фурушад. Ба маълумоти L’Equipe ситоди мураббиёни “ашрофзодаҳо” аз Н’Голо норозӣ буда, ӯро ба фуруш гузоштаанд. Дар сарчашма хабар дода мешавад, ки “Челси” арзиши Кантеро 70 млн евро арзёбӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки харидорони Канте дар бозори ҷаҳонӣ кам нестанд, дастаҳои абарқудрати ҷаҳон ба монанди “Барселона”, “Реал” “Ювентус” ва “Пари Сен-Жермен” талоши ба даст оварданашро доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ