COVID-19: дар ҷаҳон шумораи шифоёфтагон аз ним миллион гузашт

COVID-19: дар ҷаҳон шумораи шифоёфтагон аз ним миллион гузашт

  • Post category:Ҷаҳон


Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 83 ҳазору 607 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 510 ҳазору 632 кас ва фавтидагон 134 ҳазору 666 тан мебошад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Ба ҳолати субҳи 16 апрел дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 24490 ҳолат, Украина – 3764, Беларус – 3728, Молдова – 2049, Қазоқистон – 1331, Озарбойҷон – 1253, Арманистон – 1111 ва Қирғизистон — 466 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 1 986 нафар, Озарбойҷон – 404, Арманистон – 297, Қазоқистон – 240, Беларус – 203, Молдова – 171, Украина — 143 ва Қирғизистон – 78 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 198 ҳолат, Украина – 108, Молдова – 46, Беларус – 36, Арманистон – 17, Қазоқистон – 16, Озарбойҷон – 13, Қирғизистон – 5 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ