Роҳбарони дунё қарори президенти Амрикоро дар бораи қатъи сармоягузории Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ танқид карданд

Роҳбарони дунё қарори президенти Амрикоро дар бораи қатъи сармоягузории Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ танқид карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Роҳбарони дунё тасмими президенти ИМА Доналд Трампро дар бораи қатъи сармоягузории Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) маҳкум карданд. Рӯзи 15-уми апрел шумори гирифторони коронавирус аз 2 миллион гузашт.
Кишварҳои аврупоӣ, Русия, Чин, СММ ва коршиносони саросари дунё тасмими Трампро дар бораи боз доштани қариб 500 миллион доллари сармояи СУТ дар давраи буҳрон маҳкум карданд.
«Айбдорсозиҳои мутақобил ба нафъи касе нест… яке аз тасмимҳои таъсиррасон дар мубориза зидди вабо тақвияти мақоми СММ, ба вижа СУТ аст, ки сармоягузорӣ ба ин созмон барои таҳия ва паҳни озмоишҳо ва воксинҳо нокофист», — навишт вазири корҳои хориҷии Олмон Хайко Маас дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Президенти Амрико СУТ-ро ба он айбдор кард, ки дар давраи паҳншавии вируси корона аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш набаромадааст.
Трамп гуфт, ба ҳукуматаш дастур додааст, ки муваққатан сармоягузории СУТ-ро қатъ ва давоми ду-се моҳи оянда нақши ин созмонро биомӯзад.
ИМА бузургтарин кумаккунандаи СУТ аст. Соли гузашта ин кишвар беш аз 400 миллион доллар ба СҶТ ёрӣ карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ