Кай бар зидди коронавирус ваксина пайдо мешавад? Ба ин савол профессори рус Николай Малишев ҷавоб дод

Кай бар зидди коронавирус ваксина пайдо мешавад? Ба ин савол профессори рус Николай Малишев ҷавоб дод
  • Post category:Саломатӣ


Доктори илмҳои тиб, профессор, пизишки сироятшинос Николай Малишев мегӯяд, ваксинаи зидди коронавирус на пештар аз ним сол пайдо мешавад.
«Ҳастанд, пажӯҳишҳо. Вале барои сохтани ваксина ним сол — ё як сол лозим аст», — гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ дар «Россия сегодня».
Имрӯзҳо беш аз 70 гурӯҳи шифокорон дар саросари ҷаҳон барои пайдо кардани ваксина алайҳи коронавирус машғуланд. Се антидот дар Чин ва Амрико феълан озмоиш мешавад.
Бино ба гуфти шифокор сохтани ваксинаи алайҳи коронавирус дар қиёс бо зуком мушкилтар аст.
Дар умум дар ояндаи наздик одамият бар зидди ин беморӣ масъуният пайдо мекунад ва мешавад вақте, ки бештари одамон дар хона табобат мегиранд, мегӯяд Малишев.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ