Котиби генералии НАТО: буҳрони пандемияи коронавирус барои ҷомеаи ҷаҳонӣ зарбаи шадиди равонӣ хоҳад буд


Буҳрони пандемияи коронавирус барои ҷомеаи ҷаҳонӣ зарбаи шадиди равонӣ хоҳад буд. Дар ин бора котиби генералии НАТО  Йенс Столтенберг  15 апрел зимни нишасти матбуотӣ дар  Брюссел  пас аз вохӯрии  вазирони дифои кишварҳои иттиҳод дар шакли видеоӣ изҳорот пахш  намуд, хабар медиҳад ТАСС.
«Мо  оқибатҳои тӯлонии буҳронро  дар соҳаи  тандурустӣ  баррасӣ намудем. Вале, пайомадҳои сиёсӣ метавонанд  оқибатҳои вазнинтар дошта бошанд, ин буҳрон рӯҳу ҷони ҷомеаи сиёсиро дар ҳолати садамавӣ қарор хоҳад дод»,- гуфт ӯ.
НАТО интизор аст, ки пас аз пандемияи коронавирус  душвориҳо  боз ҳам шиддат мегиранд. «Вазирон масъалаҳоро  оид ба боздошт  ва мудофиа баррасӣ намуданд. Мушкилоти амниятие, ки қабл аз пандемия вуҷуд доштанд, аз байн нарафтанд, баръакс, афзуданд. Рақибони эҳтимолӣ мекӯшанд, ки пандемияро ба манфиатҳои хеш истифода намоянд,  гурӯҳҳои террористӣ метавонанд дубора сар боло кунанд. Ва мо мебинем, ки суръати авҷгирии амалиёти низомии  Россия низ ҳеҷ коҳиш намеёбад»,- гуфт Столтенберг.
Ба қавли ӯ, буҷаҳои давлатҳои НАТО бар асари пандемия кам карда мешаванд, вале ҳанӯз коҳиши хароҷоти низомии онҳо арзёбӣ  намешавад. «Пандемия оқибатҳои  иқтисодӣ  дошта, афзоиши буҷаро  коҳиш медиҳад. Аммо ҳоло дар бораи хароҷоти низомӣ чизе намегӯем, ин лаҳзаҳо мо бояд дар андешаи наҷоти  одамон бошем»,- изҳор намуд котиби генералӣ дар посух ба суоли он, ки оё баъди пандемия кишварҳои НАТО метавонанд тавре ки иттиҳод талаб мекунад, буҷаи низомиро то 2% зиёд кунанд.
Ҳавопаймоҳои НАТО беш аз 100 парвозро барои расондани таҷҳизоти тиббӣ ба кишварҳои аъзои ин ниҳод иҷро карданд ва низомиён дар муқовимат бо  пандемия 25 беморхона  бунёд намуданд. «НАТО дар баробари амалҳои зикршуда боз 25 ҳазор кати хобро барои беморхонаҳои саҳроӣ   ба кор андохт,  зиёда  аз 4 ҳазор корманди тиббии ҳайати шахсии иттиҳод дар мубориза алайҳи пандемия ба одамон  кумак расондаанд»,-  изҳор намуд Йенс Столтенберг.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ