Тедрос Гебрейесус: озмоиши клиникии се ваксина аллакай оғоз  шуд ва беш аз 70-тои дигар дар марҳилаи коркард қарор доранд

Тедрос Гебрейесус: озмоиши клиникии се ваксина аллакай оғоз  шуд ва беш аз 70-тои дигар дар марҳилаи коркард қарор доранд

  • Post category:Ҷаҳон


Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус   дирӯз дар брифинг, дар Женева оғози  санҷишҳои клиникии се ваксина барои коронавирусро эълон намуд, хабар медиҳад ТАСС.
«Озмоиши клиникии се ваксина аллакай оғоз  шуд ва беш аз 70-тои дигар дар марҳилаи коркард қарор доранд. Мо бо шарикони худ  бо мақсади суръат бахшидан ба таҳия, истеҳсол ва паҳнкунии ваксинаҳо ҳамкорӣ дорем»,- гуфт дабири кулл.
Тавре роҳбари СУТ иттилоъ дод, дар соҳаи доруворӣ низ корҳо босуръат идома доранд. «Зиёда аз 90 кишвар ба барномаи таҷрибавии ҳамбастагӣ (Solidarity Trial)  ҳамроҳ шуданд ва ё таваҷҷуҳ зоҳир намуданд»,- гуфт директори генералӣ.
Аз рӯи гуфтаи ӯ,  дар ин озмоиш беш аз 900 бемор иштирок хоҳанд кард. Ҳадафи ин озмоиш аз арзёбии  бехатарӣ ва мувофиқату самарабахшии таркиби доруҳо  иборат аст.
«Мо бо тамоми кишварҳо ва шарикон корҳоро дар ин самт идома медиҳем, то ба одамон  бо садоқат ва ҳамрайъона хизмат бикунем»,- ваъда додааст Тедрос Аданом Гебрейесус.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ