Дар 24 соат: дар Русия 3448 нафар ба коронавирус гирифтор шуд

Дар 24 соат: дар Русия 3448 нафар ба коронавирус гирифтор шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар Русия дар давоми шабонарӯзи гузашта қариб 3,5 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба маризии COVID — 19 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.
Бино бар омори охир дар давоми 24 соати гузашта дар ҳудуди Русия 3448 нафар дар 78 минтақаи кишвар ба маризии коронавирус гирифтор шуд.
Ҳамин тавр то рӯзи 16 апрел дар ҳудуди Русия 27 938 кас гирифтори коронавирус шуд. Ин беморӣ сокинони 84 минтақаи Русияро ба доми худ кашид.
Бештарини ҳолатҳои сироятшавӣ дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми 24 соат дар пойтахти Русия беш аз 1,3 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумора умумии мубталоёни вирус дар пойтахти Русия ба 16,1 ҳазор нафар расид.
Вилояти Маскав аз ҷиҳати шумораи гирифторон дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст. Ин ҷо 457 нафар бемор шудааст. Пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург бо сироят шудани 154 кас дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ