СУТ аз кишварҳои ҷаҳон дархост кардааст, ки маблағгузориро зиёд кунанд


Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ пас аз қарори ИМА дар бораи боздошти маблағгузорӣ зарари ба миён омадаро ҳисоб мекунад. Инчунин, аз кишварҳои дигар хоҳиш мекунад, ки кӯмаки молиявиро зиёд кунанд. Дар ин бора, директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейюс дар ҷамъомади матбуотӣ ки дар Женева гузаронида шуд, изҳор кард.
Ӯ таъкид кард, ки ИМА шарики деринаи ин ташкилот аст.

  • Умедворем, ки онҳо минбаъд низ ҳамин тавр ҳамкориро давом медиҳанд- гуфт Гебриюс. — Мо аз қарори Президенти ИМА дар бораи боздоштани маблағгузории СУТ дар таассуфем.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ