Суханчинро мадеҳ наздики худ ҷой…

Суханчинро мадеҳ наздики худ ҷой…

Эй дӯст! Беҳуда аз паи ҷаннат нашав. Агар ту мудом ростгӯву росткор, покиза рӯзгор, бо виҷдон ва дили соф дошта бошӣ ва дар қӯраи қалбат мудом номи Худовандро дорӣ, албатта бо амри яздони пок ҷаннатӣ мешавӣ. Зеро бузургон беҳуда нагуфтаанд
Хуш аст олами озодагиву хушхӯӣ,
Бадин мақом даро гар биҳишт меҷӯӣ!
*
Эй писар! Ҳеҷ гоҳ аз хотир набарор. Фарзанди инсон ҳар чӣ қадар сарватманду тақводор гардад ва сараш ба осмон расад ҳам, пояш дар замин аст. Ин аз бандаи хокӣ будани инсон далолат медиҳад. Аз ин ҷост, мудом хоксору ботамкин бош, ки ба эҳтироми мардум сазовор мешавӣ:
Ҳар қадар боло барояд офтоб,
Он қадар гарму мунаввар мешавад.
Одами ҳарчанд худ поин гирад,
Он қадар қадраш болотар мешавад.
*
Эй инсони ғофил! Бидон риштаи қалб одамонро бо ҳам мепайвандад ва дар байни онҳо дӯстиву муҳаббатро пайдо мекунад. Агар он ришта мустаҳкам бошад, ба қалби ҳар яки онҳо меҳру оқибат абадӣ боқӣ мемонад. Ё баръакс:
Оқилон девонагӣ ҳам мекунанд,
Дӯстон бегонагӣ ҳам мекунанд.
*
Агар касе аз ман пурсад, ки инсон кай ва дар кадом ҳолат ба мақсад мерасад? Ман ҳамоно ҷавоб медиҳам:
– Дар ҳоле, ки аз касби интихобкардаи хуб қонеъ гардад ва ёри ҳалиму вафодор дошта бошад.
Касе, ки ёри вафодори меҳрубон дорад,
Саодати абаду умри ҷовидон дорад…
*
Дар китоби муқаддаси «Авесто» оварда шудааст.
– Дуздӣ макун, фиреб мадеҳ, аз меҳнат нагурез. Баъди чандин ҳазорсолаҳо ин гуфтаҳо бо тобишҳои гуногун ба «Қуръон»-и маҷид низ нақши худро ёфтааст. Аммо тафовутро бинед, ки дар замони имрӯза одамони дузду дурӯғгӯю фиребгару коргурез ҳамон бисёранд.
Суханчинро мадеҳ назди ки худ ҷой,
Ки дар як дам кунад сад фитна барпой.
*
Эй фарзанд, бидон ҳар як инсон бояд бо ақли расо ва фикрҳои оқилона бояд зиндагӣ кунад. На бо орзуҳои дастнорас ва эҳсоси нотавонию заифӣ. Чунки ҳиссиёт хаёлҳои дуродури дастнорас ва беҳудаву гузаранда аст.
*
Эй бандаи ғофил! Ҳеҷ фаромӯш накун. Ту ба дунё меҳр банд, сайру гашту саёҳат кун, бо чашмонат бин, онро. Аммо хеле эҳтиёт шав, ки дунё ба дохили ту надарояд. Зеро аксар дунёдорон мардумони бадбахтанд:
Дунёро ба худ вафо надидему гузашт,
Ангушти пушаймонӣ газидему гузашт.
Дунё бод асту мо чу боди саҳарӣ,
Як субҳидамӣ дар он вазидему гузашт.
*
Адлу инсоф, раҳмдилию нармдилӣ, накӯкорию дилёбӣ ва ин қабил хислатҳои неки инсонӣ, саросар хирадмандист. Соҳиби ин гуна фазилатҳо дар назди Худованд бандаи мӯъминанд. Дар ин бора Саъдии бузург фармудааст:
Сад каъбаи обу гил ба як дил нарасад,
Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб.
*
Ёд мекунам давраи кӯдакиамро, ки бори нахуст ба мактаб рафтаму навиштани ҳарфи «А» ва хониши китоби «Алифбо»-ро омӯхтам. Ҳамчун бачаяки шӯх бо ҳамсинфон дар афту дарафт мешудам ва муаллима гӯшҳоямро сахт мекашиду танбеҳ медод. Ёд мекунам, он дашному гӯшмоли устоди аввалинамро.
Ёд мекунам, он марғзору табиати зебову нотакрори мавзеи Оби Машҳади канори деҳаамро, ки дар талу теппаҳояш бузу бузғола мечарронидам. Ёд мекунам, оби лойолуди шифобахши онро, ки бо ҳамсолонам рӯз то бегоҳ оббозӣ мекардам. Ёд мекунам, чашмаҳои софу беғуборашро.
Ёд мекунам, он кӯчаву роҳҳои аробагарди хокии деҳаам Кафтархонаро. Чунон тафсон буд, ки пойҳои мо наврасони пойлуч дар фасли тобистон торс-­торс мекафид.
Ёд мекунам, он шӯрхокрехтаи деворҳои пахсагини пастаку назарногир ва бомҳои хокпӯши хонаамонро, ки бунафшаю лолахасакҳои суп-­сурх мешукуфт. Гулҳои худрӯю хушбӯю чаманороро.
Ёд мекунам, ишқи аввали наврасиямро, ки номи духтарак бо ҳарфи «Б» сар мешуду ман бо эҳтирос ва ҳавасҳои дастнорас, нотарсона ба девори мактаб ва танаи дарахтон бо кордчаи киссагӣ «Ҳ+Б=Л» менавиштам. Ёд мекунам, он шабҳои бедорхобиро, ки то субҳ паҳлӯгардӣ мекардам.
Инак, синнам ба ҷое расид. Давраҳои беолоши кӯдакию наврасию ҷавониям бо як миҷа таҳ задан гузашт. Афсӯс, ки бознамегардад. Аммо мудом ёд мекунам он лаҳзаҳои гуворою бебозгаштро:
Аз барам доманфишон фасли ҷавони бигзарад,
Медавам, аммо вай аз ман ҷовидонӣ меравад.
Эй дӯст, то тавонӣ ба атрофиён кӯмаку ёрӣ расон. Дасткушову саховатпеша бош. Чунки саховат дарахтест, дар канори ҷӯйи обаш хушкнашавандаи биҳишт буда, шохҳояш сарфарозӣ, баргҳояш некхоҳиҳои олам

ва меваи он каромату сарбаландист. Дар ин бора бузургворе фармуда:
Ин сахо шохест аз сарви биҳишт,
Вой­и ӯ, к-­аз каф чунин шохе биҳишт.
*
Агар фарзанд ғамгин ва ё бемор бошад, падару модар навозиш карда, ба Худои муттаол зорию тавалло мекунанд, ки ба дардаш шифо диҳад. Агар кори фарзанд барор нагирифта, ба муаммое дучор ояд аз сидқи дил даст ба дуо мебардоранд, онҳо. Агар фарзанд ба корҳои ғайру зишт даст зада, сар ба болини марг ниҳад, падару модар нола мекунанд, ки аз марг халосӣ ёбад. Аз ин бармеояд, ки волидон балогардони фарзандонанд. Барои некрӯзии онҳо ҳатто худро ба обу оташ мезананд:
Тири фарзандон нахӯрад то ки хок,
Ҷони ширинро нишон созем, мо.
То ки мушкилҳояшон осон шавад,
Худ ба обу оташ андозем, мо.
*
Гадое дарвозаи пурнақшинигори бойбачаеро кӯфта, нон талабид. Пирамарди дандонтиллое баромада дид, ки як гадои муфлис. Ӯ асабиёна дод зада гуфт:
– Рӯзе нест, ки шумоён дарро накӯбед. Чӣ ман ёфтаамро ба ту диҳам? – гуфт ва саги зери пояшро ба дарун дароварда дашном доду илова кард:
– Рав дар косаат мурғбирён ҳаст. Хӯру аз дарвоза бохабар бош, ки ин қабил лаънатиҳо маро безобита накунанд.

Вой – нигаҳдоранда

Ҳамза Ҷӯра

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ