Бештарин кишварҳое, ки дар онҳо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ҷазираҳо мебошанд


Бино ба маълумотҳои охир коронавирус дар беш аз 200 кишвари ҷаҳон паҳн гашта, то кунун беш аз 2 миллиону 158 ҳазор нафар гирифтор ва 144 ҳазору 221 нафар фавтидаанд.
Кишварҳое ки дар онҳо расаман коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, хеле кам мондаанд, ки бештарашонро ҷазираҳо ташкил медиҳанд.
Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва Ҷумҳурияти Туркманистон ду кишвари узви ИДМ аст, ки дар он коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст.
Ин беморӣ дар Кореяи Шимолӣ низ ба қайд гирифта нашудааст, ки мутахассисон сабаби инро дар хуруҷу вуруди ниҳоят маҳдуди  шаҳрвандони ин кишвар ва хориҷиён ба ин  сарзамин унвон кардаанд.
Ҳачунин дар қатори ин се давлат як қатор кишварҳои африқоӣ ва давлатҳои ҷазиравӣ аз қабили  Яман, Кирибати (ҷазира), Вануату (ҷазира), Ҷазираҳои Комор, Конго, Лесото, Ҷазираҳои Маршал, Микронезия(ҷазира), Науру(ҷазира), Палау (ҷазира), Самоа (ҷазира), Ҷазираҳои Соломон, Тувалу (ҷазира).
Мутахассисон сабаби кам хуруҷ кардани беморӣ ба кишварҳои африқоиро дар гармо мебинанд, ки ба гуфти онҳо ин вирус дар ҳарорати баланди гарми имкони зиёд зинда монданро надорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ