Роспотребнадзор барои мутахассисони махсус оид ба масъалаҳои пешгирии коронавирус видеоконфронси машваратӣ гузаронд.

Роспотребнадзор барои мутахассисони махсус оид ба масъалаҳои пешгирии коронавирус видеоконфронси машваратӣ гузаронд.

Дар он мутахассисони мамлакатамон низ иштирок карданд
Роспотребнадзор ба мутахассисони Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбут ба коронавирус машваратҳо дод. Машварат аз ҷониби ин ниҳоди Русия тариқи видеоконфронс баргузор гардидааст.
«Роспотребнадзор барои мутахассисони махсус аз Ҷумҳурии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тариқи видеоконфронси машваратӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус гузаронид», — омадааст дар вебсайти агентӣ.
Гуфта мешавад, дар ин конференсияи видео тақрибан 40 нафар кормандони мақомоти тандурустӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташхисгоҳҳо аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Ӯзбекистон, ширкат карданд
Ба иттилои манбаъ, мутахассисони Роспотребнадзор ва ташкилотҳои зерсохтори он таҷрибаи худро дар ташкили назорати эпидемиологӣ дар Русия ҳангоми эпидемияи коронавирус ба ҳамксбони бурунмарзияшон баррасӣ кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, мутахассисони рус дар бораи озмоиши коронавирус, механизми пайгирии шахсони бо беморон дар тамосбуда, барномаҳои охирини мониторинги вазъи эпидемиологӣ сӯҳбат карда, инчунин ба саволҳои ҳамкасбони худ посух доданд.
Гуфта мешавад, Роспотребнадзор чунин машваратҳоро бо кишварҳои дигар низ идома хоҳад дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ