Охири ҳафта, ҳарорати ҳаво дар Ӯзбекистон баланд мебарояд


Аз рӯи маълумоти ,Ӯзгидромет» баъд аз инҷиқиҳои зиёд, дар нимаи дуюми ҳафта ҳарорати ҳаво баланд баромада, ниҳоят рӯзҳои гарми баҳорӣ мерасад. Имсол моҳи апрел бо сабаби боришоти зиёд ва барфи ноодатӣ ҳарорати ҳаво хеле паст рафта буд.
Ҳоло ҳарорати ҳаво 20-22 дараҷа гарм буда, рӯзҳои якшанбе нормаи иқлими ҳаво ба 23-25 дараҷа баромада, нимаи аввали ҳафтаи оянда ҳарорат ба 26-27 дараҷа баланд хоҳад шуд.
Хотиррасон мекунем, ки дар охири моҳи апрели солҳои гузашта ҳарорати ҳаво ба 32-34 ва дар ҷануби мамлакат то 35-37 дараҷа боло баромадааст.
Манбаъ: Kunuz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ