Созмони хайрияи байналмилалӣ: қарори президенти Амрико ҷиноят алайҳи башарият аст


Оксфам аз паёмади қарори раисиҷумҳури Амрико оиди таваққуфи кумаки молӣ ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дода, пешбинӣ кардаанд, ки ҳамагирии корона мумкин аст беш аз ним миллиард нафари дигарро ба сатҳи фақр бирасонад.
Дар ин бора хабаргузории Парстудей бо такя ба пойгоҳи хабарии “Democracy Now” иттилоъ додааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки тасмими раисиҷумҳури Амрико дар қатъи кумаки молӣ ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар баҳбуҳаи шуюи корона ҷиноят алайҳи башарият аст.
Оксфам дар тозатарин гузориши худ ҳушдор додааст, аз онҷое, ки ҳамакнун ҳудуди се миллиард нафар дар фақр зиндагӣ мекунанд,  паҳншавии вируси корона метавонад маргбор бошад.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бомдоди чоршанбе бо муттаҳам кардани Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба пинҳонкорӣ дар буҳрони паҳншавии корона кумакҳоии молии Амрикоро ба ин созмон мутаваққиф кард.
Раисиҷумҳури Амрико, ки ба шиддат дар Амрико бобати наҳваи мудирияташ дар хусуси паҳншавии вируси корона мавриди интиқод қарор гирифта, дар рӯзҳои ахир Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҳадафи ҳамалоти лафзии худ қарор додааст.  

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ