Дар вилояти Андиҷон низ 6 нафар бемор батамом шифо ёфтанд


Аз рӯи маълумоти Садорати ҳифзи тандурустии вилоят, 6 нафар сироятёфтагони бемории коронавирус ба пуррагӣ сиҳат гашта, бо иштироки Садорати ҳифзи тандурустии вилоят ва масъулони соҳа ба маркази реоболитатсионӣ гузаронида шуд.
Онҳо бо инсонҳои сироятёфта дар алоқа шуда, бемориро ба худ гирифтаанд. Беморон, 2 то мард ва 4 то зан мебошанд. Онҳо, 4 нафарашон аз шаҳри Андиҷон ва 2 нафарашон аз ноҳияҳои Андиҷон.
Аз ин пеш, 4 нафар аз беморхонаи сироятии вилоят баромада буданд. Ҳоло шумораи шифо ёфтагон аз вилоят 10 нафарро ташкил мекунад.
Мувофиқи маълумот дар вилояти Андиҷон ба 126 нафар ташхиси коронавирус гузошта шудааст.
Манбаъ:Kunuz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ