Россия: шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус 4070 нафар зиёд шуда, ба 32008 нафар расид

Россия: шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус 4070 нафар зиёд шуда, ба 32008 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 4 070 нафар зиёд шуда, 32 ҳазору 8 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта дар ин давлат ба 2 590 нафар ва шумораи фавтидагон ба 273 кас расид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Украина шумораи гирифторони ин вирус 4 662 нафар, Беларус – 4 204, Молдова – 2 154, Қазоқистон – 1 480, Озарбойҷон – 1 283, Арманистон – 1 201 ва Қирғизистон 489 нафар мебошад.
Дар ҳамаи ин давлатҳо дар баробари зиёдшавии шумораи сироятёфтагон ҳамчунин тамоюли шифоёбии онҳо рӯ ба инкишоф аст. Масалан, то имрӯз дар Россия 2 590 нафар, Озарбойҷон – 460, Арманистон – 402, Қазоқистон – 285, Молдова – 276, Украина — 246, Беларус – 203 ва Қирғизистон – 114 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Ҳамзамон дар Россия 273 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Украина – 125, Молдова – 54, Беларус – 40, Арманистон – 19, Қазоқистон – 17, Озарбойҷон – 15, Қирғизистон – 5 нафар фавтидаанд.
офиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 190 ҳазору 10 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 147 ҳазору 10 нафар вафот карда, 553 ҳазору 650 кас шифо ёфтаанд ва 56 ҳазору 601 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ