Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ чун яке аз беҳтарин театрҳои ИДМ эътироф гардид


Сомонаи «ТурСтат» дар сомонаҳои театрӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ раддабандии беҳтарин театрҳои операвии ИДМ-ро аз ҷиҳати маъруфияти тамошобин ва пахши онлайнӣ пешниҳод намуд. Дар ин раддабандӣ Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ дар Тошканд ба даҳгонаи беҳтарин театрҳои операи ИДМ шомил гардидааст.
Раддабандӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии фарҳанг, ки 15-умм апрел, ба муносибати қабули паймони Рерих «Оид ба ҳимояи муассисаҳои бадеӣ, илмӣ ва ёдгориҳои таърихӣ» дар соли  1935 қабул гардидааст, тартиб дода шудааст.
Беҳтарин даҳгонаи театрҳои операи ИДМ инҳоянд: Театри давлатии академии бузурги Россия дар Москва, Театри калони Беларус дар Минск, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Абай дар Алмаато, Театри давлатии опера ва балети «Астана Опера» дар Нурсултон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи А.Охундов дар Боку,  Театри академии опера ва балети ба номи А. Спендиарови Арманистон дар Ереван, Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ дар Тошканд,  Театри миллии опера ва балети ҷумҳурии Молдова ба номи Мария Биеш дар Кишинёв,  Театри миллии академии ордени Лениндори опера ва балети ба номи Абдилас Малдбаев дар Бишкек,   Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе .
Раддабандӣ дар асоси тадқиқоти шӯҳратёрии театрҳо ва намоишҳои онлайнӣ сурат гирифтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ