Зеботарин варзишгоҳҳои Чин сохта мешаванд

Зеботарин варзишгоҳҳои Чин сохта мешаванд


Шаҳри Гуанчжоу Эвергранди Чин зеботарин варзишгоҳи футболро дар дунё бунёд карданист. Ин варзишгоҳ на танҳо аз лиҳози меъморию тарҳу шаклаш зебост, балки калонтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ варзишгоҳи мазкур дорои беш аз 100 000 ҷои нишаст буда, тибқи нақша он бояд соли 2022 ба истифода дода шавад. Арзиши ин лоиҳа 12 миллиард юан ё худ 1,36 миллиард фунтро дарбар мегирад. Дар сурати бунёди майдони мазкур Гуанчжоу Эвергранд чорумин варзишгоҳ аз лиҳози ғунҷоиш маҳсуб меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ