Дар иҷлосияи якуми палатаи болоии парлумони Ҷумҳурияти Тоҷикистон даъвати шашум, Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин бора шабакаи «Азия-Плюс» бо такя ба маълумоти Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон , номзадии Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуд.
Бо аксарияти кулли овозҳо раисони вилояти Суғд ва ВМКБ-и ин кишвар Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов мутаносибан муовини якум ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.
