Духтараки 9-сола модарашро 6 маротиба аз марг наҷот дод


Духтараки 9-солае, ки дар шаҳри Блэкпули Англия зиндагӣ мекунад, модари аз бемории хеле кам вохӯранда азият мекашидаро бори шашӯм аз марг наҷот дод, навиштааст The Mirror.
Жемма Ҳамнетти 37-сола гирифтори беморие аст, ки хеле кам вомехӯрад. Вай зуд- зуд аз ҳуш меравад. Ин бемории эндокринӣ буда, ғадудҳои зери меда ба таври кифоя гармонҳо, дар навбати аввал кортизол ва алдостеронро , ки организм бар зидди метаболизм ва стресс истифода мебарад, истеҳсол карда наметавонад.
Жемма аз бемории Аддисон аз ҳафтсолагӣ азият мекашад, вале ба вай танҳо соли 2010 ташхиси дуруст гузоштанд.
Вай дар политсияи Ланкашир 11 сол кор кард, вале дар соли 2009 аз сабаби саломатиаш аз кор баромад.
Бемори бо сабабҳои ночиз , хусусан ба ҷое банохост зада гирифтани ангуштҳои поча ёки шунидани хабари нохуш низ метавонад рӯй диҳад.
Агар Женни аз ҳуш равад, ба вай дар муддати ҳашт соат сӯзандоруи дар таркибаш стероидҳо бударо кардан лозим, дар акси ҳол вай вафот мекунад. Сӯзандору ба организм дар истеҳсоли гармонҳое, ки худи он наметавонад кор карда барорад, ёрӣ мерасонад.
Духтари Жемма Сиенна Ҳамнетт- Чау бори аввал модарашро дар чорсолагӣ аз марг наҷот дода буд. Аз ҳамон вақт вай ба модараш шаш маротиба ёрии тиббӣ расонд.
Бори охир дар Жемма ба туфайли карантин воҳима сар шуд ва ӯ аз хуш рафт.
Сиеннаи 9-сола бо оромӣ ба модараш сӯзандоруи стероиднок кард.
» Вай аз колба инсулинро гирифта,ҳангоми аз хуш рафтанам ба ман сӯзандору фиристоданаш даркор аст. Вай ба ёрии таъҷилӣ занг мезанад. Вале азбаски бемории ман кам вомехӯрад, шифокорон пеш аз омадан бояд бемориамро омӯзанд.» — гуфт Жемма.
Баъди воқеаи охирин ҳамкасбони собиқи Жемма — политсиячиҳо барои аёдати ӯ омаданд. Дар чунин вазъият худро чи хел нигоҳ доштани Сиенна ба онҳо таъсир кард.
Вакили политсияи маҳаллӣ Клэр Слоан гуфт, ки духтарак ба медал муносиб аст.
» Вай духтари меҳрубон ва ғамхор мебошад. Вале худаш намедонад, ки ӯ чи қадар ҳайратоваранда аст»- гуфт Слоан.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ