Дар Қазоқистон беш аз 5000 нафар шаҳрванд барои вайрон кардани қоидаҳои карантин ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Дар Қазоқистон беш аз 5000 нафар шаҳрванд барои вайрон кардани қоидаҳои карантин ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

  • Post category:Ҷаҳон

Кормандони мақомоти Ҷумҳурияти Қазоқистон мегӯяд, аз замони эълони ҳолати фавқулода дар ин кишвар беш аз 5000 нафар барои вайрон кардани қоидаҳои равуо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Вале хабарҳои расида ва иттилои наздикони боздоштшудаҳо бозгӯи онанд, ки дар Қазоқистон бо вуҷуди эълони карантин дар робита ба коронавирус боздошт, ҳабс, бозпурсии фаъолони маданӣ ва бозҷӯии манзилҳзои зисти онҳо идома дорад.
Ба огаҳии Вазорати дифои Қазоқистон, дар як моҳи ахир 5 130 кас бо бандҳои «нақзи вазъи фавқулода» ва «амалҳое, ки ба нақзи тартибот дар давраи вазъи фавқулода таҳрик месозанд» ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аз ин миён, 2 479 кас ҷарима ва 1 626 тани дигар ҳабс шудаанд.
Мақомоти Қазоқистон 16 март, баъди ошкор шудани нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дар ин кишвар вазъи фавқулода эълом карданд. Ҳафтаи равон вазъи фавқулода то 1 май тамдид шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ