Ҳар як ваҷаб замин бояд самарабахш истифода шавад

Ҳар як ваҷаб замин бояд самарабахш истифода шавад

Маълум аст, ки барои нарм гардондани таъсири манфии коронавирус ба иқтисодиёт дар давраи  карантин дар тамоми соҳаҳо корҳои системавӣ анҷом дода мешаванд. Вазъи кунунии ҷорӣ моро водор сохт, ки ба тарзи зиндагиамон дигар хел нигоҳ кунем.

Аз аввали баҳор ҳамаи деҳқонон, фермерон ва соҳибони заминҳои  наздиҳавлигии  кишварамон ба омодасозии заминҳо барои киштукор, тухмипошӣ ва шинондани ниҳолҳо фаъолона шурӯъ карданд.

Ба ин муносибат Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ ба мардум муроҷиат карданд. Дар он ҳар як фармони Президенти кишвар амиқ таҳлил карда шуда, зарурати истифодаи самарабахши ҳар як ваҷаб замин аз ҷониби деҳқонон, фермерон ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ нишон дода шудааст.

Қитъаи  наздиҳавлигӣ манбаи даромади иловагӣ мебошад. Ҳамеша дар инро дар хотир бояд дошт ва аз қитъаи наздиҳавлигӣ соле  се маротиба ҳосил ба даст овард. Ҳамзамон, сохтани гармхонаҳои ихчам ва азхуд кардани таҷрибаи соҳибони намунавии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва деҳқонони пешқадам хеле муҳим аст.

Айни замон дар беш аз 4540 хоҷагии деҳқонӣ ва фермерии мамлакати мо дар 435 ҳазор гектар қариб пурра сабзавот, картошка, зироатҳои полизӣ ва дигар кишт карда шудаанд. Албатта, ин дар таъмин кардани бехатарии озуқавории халқ қадами муҳим аст.

Аз замонҳои қадим халқи Ӯзбекистон бо меҳнатдӯстиаш шуҳрат дорад. Деҳқонон ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигии тамоми вилоятҳои кишварамон ин муроҷиатро хонда, масъулияти бузургро ҳис карданд. Ҳамаи мо медонем, ки ин давраҳои душвор ба зудӣ мегузаранд ва ҳоло бахши кишоварзӣ барои бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ ниҳоят муҳим аст. Деҳқонони мо бояд барои роҳ надодан ба амиқ гардидани бӯҳрони ба миёномада аз вақт самаранок истифода баранд.

Ҳар як деҳқон, ҳар як соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ бояд маҳсулоти парваришшудаи кишоварзиро ба мардум расонад, дар бозорҳо фаровониро таъмин кунад ва ба болоравии беасоси нархҳо роҳ надиҳад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ин вазифаи асосии мост.

Ҷаҳонгир ГАЛАЕВ, мутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигии Ӯзбекистон.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ