Дар Афғонистон ва Покистон шумораи шахсоне, ки аз сирояти коронавирус вафот карданд, зиёд гардид

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон рӯзи ҷумъа эълон кард, ки 66 бемори нави мубтало ба коронаврикс дар шабонарӯзи гузашта дар ҳафт вилояти Афғонистон, аз ҷумла бистушаш нафар дар Кобул ва понздаҳ нафар дар Қандаҳор ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабар гузории “Парс тудей”.
Бино ба иттилои манбаъ, шумории умумии мубталоён ба ин беморӣ дар ин кишвар ба 906 нафар расид.
Ваҳидуллоҳ Моёр, сухангӯи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта чилупанҷ бемори коронавриус беҳбуд ёфтаанд ва теъдоди онҳо ба 99 нафар расида, шумори фавтидагони ин вирус ҳамчунон 30 нафар аст.
Шумори мубталоён ба вируси корона дар Покистон ҳам тайи дувоздаҳ соати гузашта афзоиши чашмгире доштааст.
Расонаҳои Покистон эълон карданд, ки тайи дувоздаҳ соати гузашта 497 мавриди нави ибтило ба корона дар Покистон ба сабт расид то ҳамин тавр шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 7025 нафар расид.
Вазорати беҳдошти Покистон эълом кард, бо сабти ёздаҳ мавриди ҷадиди фавти ношӣ аз коронавирус, теъдоди қурбониёни ин вирус дар Покистон низ ба 135 нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ