ИМА: шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус дар як шабонарӯз 32 165 нафар зиёд шуд


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) шумораи шахсони гирифтор ба COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 32 ҳазору 165 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 710 ҳазору 21 нафар расид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дошта, шумораи беморони шифоёфта ва фавтида дар он мутаносибан 37 158 нафар ва 60 510 нафарро ташкил медиҳад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин Испания (190 839 нафар), Италия (172 434), Франсия (147 969), Германия (141 397), Британияи Кабир (108 692), Чин (82 719), Эрон (79 494), Туркия (78 546) ва Белгия (36 138) дохил мешаванд.
Аз ҳама бештар дар Германия – 83 114 нафар, Чин — 77 029, Испания – 74 797, ИМА – 60 510, Эрон – 54 064, Италия – 42 727, Франсия – 34 420, Швейтсария – 16 400, Бразилия – 14 026 ва Канада – 10 543 нафар беморон шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (37 158 нафар), Италия (22 745), Испания (20 002), Франсия (18 681), Британияи Кабир (14 576), Белгия (5 163), Эрон (4 958), Чин (4 632), Германия (4 352) ва Нидерланд (3 459) дохил мешаванд.
Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 250 ҳазору 757 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 154 ҳазору 262 нафар вафот карда, 571 ҳазору 145 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 136 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ