Дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил адади сироятёфтагони COVID-19 ба 49 803 нафар расид

Дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил адади сироятёфтагони COVID-19 ба 49 803 нафар расид
  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи гирифторони коронавирус дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 49 803 кас ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 3 549 нафар расид. Ҳамчунин шумораи шифоёфтагон дар Осиёи Марказӣ ба 633 нафар ва фавтидагон ба 26 кас расида, ин нишондодҳо дар ИДМ мутаносибан 5 017 ва 556 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Ба ҳолати 18-уми апрел дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки аъзои ИДМ низ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 1 593, 1450 ва 506 нафарро ташкил медиҳад.
Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 32 008 ҳолат, Беларус – 4 779, Украина – 4 662, Молдова – 2 264, Озарбойҷон – 1340 ва Арманистон – 1201 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо дар баробари зиёдшавии шумораи сироятёфтагон ҳамчунин тамоюли шифоёбии онҳо рӯ ба инкишоф аст. Масалан, то имрӯз дар Россия 2 590 нафар, Озарбойҷон – 528, Арманистон – 402, Қазоқистон – 347, Беларус – 342, Молдова – 276, Украина — 246, Ӯзбекистон – 156 ва Қирғизистон – 130 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Ҳамзамон дар Россия 273 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Украина – 125, Молдова – 54, Беларус – 40, Арманистон – 19, Қазоқистон – 17, Озарбойҷон – 15, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 нафар фавтидаанд.
Дар Афғонистон шумораи мубталоён ба коронавирус 906 нафар буда, 99 нафари онҳо шифо ёфта, 30 тани дигар вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ