Замини наздиҳавлигӣ — кони фоида

Замини наздиҳавлигӣ — кони фоида

Президенти мамлакатамон дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 8-уми апрели соли ҷорӣ гузашт, таъкид намуд, ки тамоми фермерон, хоҷагиҳои кластерӣ, деҳқонон бо амал кардани қоидаҳои карантин дар саҳро, аҳолӣ бошад, дар замини наздиҳавлигии худ бояд корҳои деҳқониро идома диҳанд. Таъкид гашт, ки бо ба ҳисоб гирифтани шароити мураккаби имсола аз замини наздиҳавлигӣ ду — се маротиба ҳосил гирифтан вазифаи муҳимтарин шуданаш лозим. Аксари оилаҳо аз замини наздиҳавлигии худ ду-се маротиба ҳосил мегиранд. Аз 8-10 хол замин соле беш аз 50 миллион сӯм фоида мегиранд. Зеро замини наздиҳавлигӣ кони фоида мебошад. Сокини 45-солаи маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд Маҳмуд Муқумовро ҳамчун деҳқони чашмикордон медонанд. Ӯ аз 8 хол гармхона ва 3 хол замини наздиҳавлигиаш даромади хуб ба даст меорад. Дар гармхона гашнич, пиёз, шибит, райҳон, шалғамча барин кабудиҳо, сабзии сурх расонда ба бозор бароварда мефурӯшад. Аз пайи меҳнати гармхона ва замини наздиҳавлигӣ рӯзгораш обод аст. Ба вай дар кори деҳқонӣ писараш Умедҷон, ҷиянаш Адҳам ёрӣ мерасонанд. Дар 3 хол замин навъи » Фараё» — и карам нашъунамо меёбад. Аз гармхона соле то 40 миллион сӯм даромад мекунанд. Аз дарахтҳои гелоси ҳавлӣ ҳам баҳраманд мегарданд. Маҳз бо меҳнати Маҳмуд барин деҳқонҳо растаҳои бозорҳо бо маҳсулоти деҳқонӣ пур мешавад. Ҷ.АСРОР. Дар акс Адҳам Азиммуродов (ҷияни М.Муқумов).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ