МАСЪАЛАҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДАРАҶА ВА БОСУРЪАТ ВАСЕЪ ГАРДОНДАНИ МАҲАЛЛИГАРДОНИИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА КООПЕРАТСИЯИ САНОАТ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 сентябр бахшида ба масъалаҳои босуръат ривоҷ додани соноат, баланд бардоштани дараҷа ва вусъат додани миқёси маҳаллигардонӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.Дар натиҷаи сиёсати фаъоли сармоягузорӣ, озодгардонии савдои хориҷӣ ва амалиёти асъор дар мамлакат рақобати солим, иқтисодиёти воқеии бозаргонӣ ташаккул меёбад.Дар ҷамъомад масъалаҳои рушди саноати ватанӣ дар асоси […]

Қаҳрамони Ӯзбекистон

Ба 80-солагии зодрӯзи сарвари шӯъбаи самарқандии Хазинаи ҷамоатии «Нуронӣ» Ҳасан Нормуродов Бо фармони мӯҳтарам Президентамон, Гаштаӣ соҳиб ба номи Қаҳрамон. Паҳн шуд ин хушхабар дар баҳру бар, Шод аз он гаштанд ёрон бештар. Роҳбари омӯзгорон будӣ дӯш, Боғбони боғи ирфон будӣ хуш. Сарвари «Нуронӣ»-и моён шудӣ, Дастгири аслии пирон шудӣ. Доим аз аҳволи пирон бохабар, […]

Навиштаҳои Шавкат Мирзиёев дар китоби меҳмонони ифтихории Мактаби Президентӣ

«…Мо бо тарбияи ҷавонони фидоие, ки ба тарзи наву озод фикр мекунанд, ватани худро бештар аз ҷон дӯст медоранд, барои ояндаи дурахшони он содиқона хидмат мекунанд, ба нияти нек ба сатҳи болои тараққиёт бурдани Ӯзбекистони навамон хоҳем расид.Бо ҳадафи омодасозии чунин кадрҳои босалоҳият ва баркамол дар ҳар минтақаи кишварамон муассисаҳои омӯзишӣ бо шакли комилан нави […]

Форуми ҷавонони Россия ва Ӯзбекистон

Имрӯзҳо дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия форуми II байналхалқии ҷавонони Ӯзбекистону Россия гузаронида мешавад. Дар форум масъалаҳо доир ба ҳамкории иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин, тадбиркории ҷавонон муҳокима мегарданд. Ғайр аз ин, аз рӯйи ин соҳаҳо лоиҳаҳои муштарак таҳия карда мешаванд. Дар доираи форум вохӯрии ҷонишини ҳокими ви¬лояти Самарқанд доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон Рустам […]

Дар моҳи сентябр чӣ гуна ҷашнҳо пешвоз гирифта мешавад?

Сентябр барои аҳли ҷаҳон моҳи ҷашнҳои бузургу зебост. То ба имрӯз мо рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон (1 сентябр) Рӯзи дониш (2 сентябр), зодрӯзи мутафаккири бузург Абурайҳон Беруниро (4 сентябр) бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намудем ва менамоем. Акнун, дар пеш ҷашнҳои дигар моро интизоранд. Дар тақвими ҷаҳонӣ ин моҳ қариб 40 ҷашн ва рӯзҳои махсус […]

Ўзбекистон бо Тоҷикистон размоиши муштарак баргузор мекунад

Сарбозони Ўзбекистон ва Тоҷикистон дар дувумин даҳрӯзаи моҳи сентябр дар размоишгоҳи “Ғурумсарой”-и вилояти Намангон машқу тамрини ҳарбӣ – размоиш баргузор мекунанд.Ориф Нозимиён, раиси маркази матбуъотии вазорати мудофиъаи Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории “Ховар” гуфт, ки сарбозони ду кишвар дар ин размоиш вазифаҳои гуногуни таъмини амният дар минтақаро машқ хоҳанд кард.Ҳамчунин, амалиётҳои муборизаи якҷоя бо терроризми […]

Ҷавоне, ки тӯли 12 сол фақат фаст-фуд мехӯрд, қобилияти шунидану диданро аз даст дод

Як ҷавон британияӣ, ки тӯли 12 сол фақат фаст-фуд истеъмол мекард, дучори норасоии витамин ва минералҳо шуд ва қобилияти шунидану диданро аз даст дод. Дар ин бора нашрияи Independent хабар додааст.Дар ҳоли ҳозир ин ҷавон, ки дар шаҳри Бристол зиндагӣ мекунад, 19-сола аст. Модари ӯ гуфтааст, ки ҷавон дар ҳафтсолагӣ ба фаст-фуд вобастагии шадид пайдо […]

«Таронаҳои Шарқ» бо савияи баланд гузашт

Дирӯз Ҷашнвораи XII байнал¬халқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ҷамъбаст гардид. Он рӯзҳои 26-30-юми август бо савияи баланд гузашт. Дар ҷашн¬вора 146 нафар хонандаву навозан¬даи 29 ҷамоаи мусиқии 33 давлат қувваю маҳорати худро намоиш доданд. Дар байни иштирокдорон ҷамоаҳои мусиқии мисли «Сандра Реҳдер» (Аргентина), «Ҳафт гоҳ» (Афғонистон), «Ҳенҳауз Провирс» (ИМА), Romengo (Венгрия), Viguele (Испания), «Валти» (Латвия), «Ба¬дахшон» […]

Мактаби байналмилалии Вестминстери Тошканд қабули донишомӯзонро оғоз кард

Мактаби байналмилалии Вестминстери Тошканд донишомӯзони маҳалли ва хориҷиро, ки мехоҳанд ба забони англисӣ таҳсил кунанд, ба донишомӯзӣ даъват мекунад.Мактаби байналмилалии Вестминстери Тошканд, ки барояш бинои замонавӣ ва бетакрор сохта шуд, аз рӯзи 16 сентябри дарҳои худро ба донишомӯзон боз мекунад.Дар ин мактаб кӯдакони аз 2 то 11-сола бар асоси барномаи махсуси таҳсили англисӣ ва барномаи […]