Олими маъруф, доктори фанҳои физика-математика, профессор Файзулло Сайфиевич Ғаниев (Ғанизода) 18-уми апрел соли 2020 чашм аз олами ҳастӣ пӯшид.


Файзулло Ғанизода 21-уми январи соли1941 дар деҳаи Мотуруди Самарқанд таваллуд шудааст. Баъди бо медали тилло хатм кардани мактаби миёнаи рақами 27-уми зодгоҳ, ба факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил гардид.
Роҳбарияти факулта донишҷӯи аълохон ва фаъолро баъди хатми донишгоҳ ба кор қабул кард. Ҳамин тавр, вай дар ин маркази илму маърифат беш аз ним аср фаъолияти самараноки илмӣ ва педагогӣ пеш бурд.
Файзулло Сайфиевич соли 1976 рисолаи номзадӣ ва дар соли 1993 рисолаи докториро бо муваффақият ҳимоя кард.
Дар тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисони ҷавони илмӣ ва педагогӣ ҳиссаи арзанда гузошт. Ҳамкорону шогирдон устоди фидоӣ, меҳнатқарину ҳалолкорро самимона ва аз таҳти дил ҳурмату эҳтиром мекарданд.
Устод Файзулло Ғанизода дар бисёр анҷуманҳои илмӣ иштирок кардааст ва мақолаҳояш дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ рӯи чопро дидаанд. Аз рӯзҳои аввалини таъсиси рӯзномаи»Овози Самарқанд» яке аз муаллифони фаъоли он буд. Дар тарғибот ва зиёд шудани муштариёни рӯзнома бо меҳру муҳаббати самимӣ ба забони модарӣ иштирок мекард. Устод узви Шӯрои мушовирон ва собиқадорони «Овози Самарқанд» буданд.
Дар ин рӯзҳои ҷудоӣ ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, сабри ҷамил мехоҳем.
Илоҳо устод Файзулло Ғанизодаро худо раҳмат карда бошад.
Ҷамоаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ