Ҳунарам маро ба омӯхтани таърихамон водор сохт — мегӯяд Нигора Бурҳонова

Дар Самарқанд аз қадимулайём ҳунарҳои миллӣ ривоҷ ёфта бошад ҳам чун ҳозира қадр наёфта буд. Ҳоло ҳунармандон бо маҳсулоти санъати амаливу ҳунармандии хеш на танҳо дар кишвар, балки берун аз он ҳам шӯҳрат меёбанд.
Алалхусус, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, дуредгариву наққошӣ, ганҷкориву кулолӣ барин ҳунарҳои миллиамон ба шавқу завқ ва ҳайрати ҷаҳониён сазовор гаштааст.
Ҳар гоҳ, ки дар марказҳои ҳунармандӣ, инчунин, мадрасаҳои Тиллокорӣ, Регистону Шердор ва Улуғбеку Бибихоним ташриф меоред, баробари шаҳомату бузургии ин биноҳои таърихӣ, нигоҳатон ба намунаҳои дастони ҳунармандон меафтаду ҳайрататон дучанд мешавад. Беихтиёр, ба соҳибони он дастон, ки чунин мӯъҷизаҳоро меофаранд, аҳсант мехонед.
Ба қарибӣ мадрасаи Тиллокориро давр мезадем. Эътибори моро минятураи таърихӣ, ки дар рӯйи матоъ тасвир шудааст, ба худ ҷалб намуд. Дар аввал вақте ки мо аз масофа истода дидан мекардем, чунон намуд, ки гӯё мусаввир бо рангҳои серҷило минятураро ба рӯйи коғаз фаровардааст. Дар асл бошад минятура бо риштаҳои рангоранг аз рӯйи матоъ ҷой гирифта буд. Баъди тамошои намунаҳои дигари ҳунармандӣ хостем, бо соҳиби дастоне, ки минятураро чунон бо маҳорат рӯйи матоъ фаровардааст, каме сӯҳбат намоем.
Сӯҳбати мо дар сари мизи кории ҳунарманд Нигора Бурҳонова идома ёфт. Деворҳои дӯконро либосҳои миллӣ, кашидаву сӯзанӣ, зардеворӣ ва ҳар гуна дастрӯмолу пойафзоли гулдӯзӣ оро медоданд.
– Нигораойтӣ маҳсулотҳое, ки дӯкони ҳунармандиро оро медиҳад, ҳамаашро танҳо худатон дӯхтаед?
– Не, на ҳамаи инҳоро худи ман дӯхтаам. Маҳсулотҳое, ки бо усули бигиздӯзиву сӯзандӯзӣ дӯхта шудааст, маҳсули дастони ман аст. Аммо кашидаву зардевориву либосҳои попуриро ҳунармандони ноҳияи Ургуту вилоятҳои Бухорову Сурхондарё оварда медиҳанд.
– Ҳунари кашидадӯзиро кай ва аз кӣ омӯхтед?
– Аз синни 16 солагиам ба ин ҳунар меҳр бастаам. Модаркалонам Зӯҳромомо кашидадӯз буданд. Дар атрофашон келинҳои худ ва ҳамсояҳоро ҷамъ карда, кашида медӯхтанд. Ман ҳам ба тарзи дӯхтани онҳо зеҳн монда, кӯшиш мекардам, ки нақшеро дӯзам. Модаркалонам, ҳаракату ғайрати моро дида, аз паҳлӯи худ ҷой дода, маро бо асрори ин санъати амалӣ ошно мекарданд. Аз ҳамон ин ҳунарро омухта то имрӯз шуғл меварзам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки бо услулҳои нав ба нав ҳунари миллиамонро аз нав эҳё гардонам.
– Барои тайёр шудани як минятура чӣ қадар вақт сарф мекунед?
– Кашидадӯзӣ басо майдакорӣ буда аз кас сабру таҳаммулро талаб мекунад. Масалан, вақтҳое мешавад, ки як минятураро дар як моҳ ва ё дар мобайни се моҳ тайёр мекунам. Нозукиҳои ин ҳунар хеле бисёр аст. Ҳар як элементашро ҷо ба ҷо бо рангҳои ҳархелаи мувофиқ дӯхтан лозим аст. Аз ин рӯ, аз кас вақти зиёд талаб мекунад.
– Сабаб дар чист, ки шумо бештар ба дӯхтани минятураҳо рӯ овардаед, гарчанде ки нисбати нақшҳои дигар вазнинтар аст?
– Дуруст. Ҳар як соҳибҳунар мехоҳад, аз маҳсули дастонаш баҳра гирад. Ман ҳам вақте ки корро тамом мекунам, як лаҳзаи таърихиро дар рӯйи матоъ дида, аз он завқ мегирам. Гӯё мушкилиҳову майдакориҳояш фаромӯш мешаваду як лаҳза ба таърих сайр мекунам. Ғайр аз ин, ба воситаи ҳунарам метавонам, хориҷиёнро бо таърихамон ошно созам. Ҳар боре, хориҷиён ба он ё дигар маҳсули ҳунармандӣ шавқ зоҳир мекунанд, нисбати гузаштаамон ифтихорам дучанд гашта, донистаҳоямро ба онҳо нақл мекунам. Маҳз аз ҳунарам ман таърихи гузаштагонамонро омӯхтам.
– Оё минятураҳоро худатон мекашед? Ғайр аз ин, риштаҳоро аз куҷо меоред?
– Минятураҳоро дар асоси супориши мо рассомони минятурачӣ мекашанд. Ман минятураҳоро бештар аз китобҳои таърихӣ интихоб мекунам. Масалан, дар ин китоб (китоби наздаш истодаро ба мо нишон дода) минятураҳое, тасвир шудааст, ки дар асоси асарҳои Алишер Навоӣ ҷамъ карда шудааст. Риштаҳоро бошад аз Бухоро меорем.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ