Дар Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои коронавирус сомонаи алоҳида ба фаъолият оғоз намуд


Оғоз аз 16 майи соли равон сомонаи махсуси Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи covid.tj вобаста ба масъалаҳои коронавирус ба фаъолият оғоз намуд.
Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки минбаъд омори гирифторон ва фавтидагони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон дар сомонаи мазкур низ ба нашр хоҳад расид.
Шаҳрвандон минбаъд метавонанд вобаста ба рӯйдодҳо оид ба бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сомонаи мазкур низ иттилоъ бигиранд.
Сомона аз бахшҳои зерин иборат аст: аломатҳо, тавсияҳо, маводҳо, саволу ҷавоб ва тамос.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ