Оё маънои номи моҳҳоро медонед?

Ҳар рўз номи моҳҳои мелодиро такрор ба такрор истифода ва талаффуз менамоем ва он моҳҳо зиндагии ҳаррўзаи моро ба танзим медароранд. Санаҳои беҳтарини ҳаёти мо аз қабили зодрўз ва дигар рўзҳои фаромўшнашаванда маҳз ба онҳо вобастаю хотирнишинанд. Аммо боре намеандешем, ки номи онҳо аз куҷо пайдо шудаанд ва чи маъноеро дар худ нуҳуфтаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки номи моҳҳо ҳама калимаҳои лотиниасл мебошад:
Январ – Januarius, i , m моҳҳи аввали тақвими Григорианӣ аз калимаи Janus, i, m гирифта шудааст. Аз рўи ривоят ин ном аз тарафи шоҳи римӣ Нуми Помпилий ба муносибати худои римӣ Янус, ки рўзи аввали ин моҳ ба ў бахшида шуда буд, гузошта шудааст. Янус – худои қадимаи италявии гардиши офтоб, даромаду воридшавӣ, бо ду рўйи худ пиру ҷавон, гардиши якбора ба гузаштаю ҳозира.
Феврал – Februarius, i, m аз калимаи лотинии februare – тоза (пок) кардан, ба муносибати маросими қадимаи римии покшавӣ Februo гузошта шудааст. Номи лотиниаш ба маросиме, ки ҳар сол 15 — уми феврал дар Рими қадим гузаронида мешуд, вобаста мебошад. Яъне, Februarius – моҳи покшавӣ; februo, — (-avi), -atum, -are –маънои маросими покшавиро иҷро кадан, тоза шуданро дорад.
Март (бо лотинӣ mensis Мartius ба муносибати худои қадимаи ҷанг Марс) – моҳи сеюми тақвими Григорианӣ. Моҳи аввали соли римии қадима, ки аз ислоҳоти Сезар сар мешуд. Номи худро ба шарафи худои римии Марс гирифтааст.
Mars, Martis, m ҳамчун ном писари Юпитер ва Майа ки моҳи март ба ў бахшида шуда буд, худои ҷанг; шуҷоати ҳарбӣ, ҷанг, хотимаи ҷанг, тарзи бурдани ҷангро дар бар мегирад. Номи сайёраи Марс низ аз ин ҷо гирифта шудааст.
Апрел — (бо лотинӣ Aprillis, is, m) — моҳи чоруми тақвими Григорианӣ. Номи худро аз калимаи лотинии aperire – «кушодан» гирифтааст, чунки дар ин моҳ дар Италия фасли «кушода» мешуд, яъне баҳор меомад.
Май (бо лотинӣ mensis Majus) — моҳи панҷуми тақвими Григорианӣ. Номи худро ба шарафи худои римӣ Майа гирифтааст.
Maja, ae, f — 1. модари Меркурий; 2. духтари Фавна, худои баҳор. Номи Mercurius, i m — чун Меркурий, писари Юпитер ва Майа, пайѓамбари болдори худоҳо, роҳбалади рўҳи марҳумҳо, муҳофизи гимнастика, савдо ва хушзабонӣ шарҳ дода мешавад.
Июн (лот. Jūnius) – моҳи шашуми тақвими Григорианӣ. Номи худро ба шарафи худои Юнона зани Юпитер гирифтааст. Jūno, ōnis, f – Юнона мувофиқат мекунад ба худои юнонии Гера, духтари Сатурна, ҳамсари Юпитер, модари Марс ва Вулкан, шоҳзодаи худоҳо, муҳофизи никоҳ ва занҳои навтавлидкарда.
Juppǐter, Jǒvis, m – писари Сатурн, бародари Нептун ва Платон, ҳамсари хоҳараш Юнона ва худои олии римӣ ба ҳисоб мерафт.
Июл – (лот. Julius ) – моҳи ҳафтуми тақвими Григорианӣ, ба шарафи аввалин императори Рим Юлий Сезар, ки дар ҳамин моҳ таваллуд ёфта буд, гузошта шудааст. Caesǎr, ǎris, m — Сэзар, аз авлоди Юлиевҳо. Гай Юлий Сэзар (с. 100 – 44 то мелод) сарлашкари машҳури римӣ, ба монархия дар Рим ибтидо гузоштааст; минбаъд номи ў чун унвони императорҳои римӣ шинохта мешуд.
Август (лот. Augustus, i, m ) номи пешинааш Sextilis mensis – моҳи шашум. Ба шарафи императори рим Август гузошта шудааст. Augustus, i, m – Август императори римӣ соли 63 то мелод – 14 мелодӣ умр ба сар бурдааст.
Сентябр (лот. September ) — моҳи нуҳуми тақвими Григорианӣ. Яке аз чаҳор моҳи Григорианӣ, ки 30-рўза мебошанд. Номашро аз рақами лотинии septem – ҳафт гирифтааст, чунки моҳи ҳафтуми соли қадимаи римӣ буд.
Октябр (лот. October) — моҳи даҳуми тақвими Григорианӣ. Моҳи ҳаштуми соли қадимаи римӣ мебошад, ки то ислоҳоти Сэзар аз март сар мешуд. Номашро аз рақами лотинии octo — ҳашт гирифтааст.
Ноябр (лот. November ) – моҳи ёздаҳуми тақвими Григорианӣ. Моҳи нуҳуми соли қадимаи римӣ, ки номашро аз рақами лотинии novem – нуҳ гирифтааст.

Декабр (лот. December) — моҳи дувоздаҳуми тақвими Григорианӣ. Моҳи даҳуми соли қадимаи римӣ. Номашро аз рақами лотинии decem – даҳ гирифтааст.
Дар умум метавон гуфт, ки шарҳи маънои номи моҳҳо моро ба сайри таърихии Рими қадим, номи муқаддасоту илоҳиёт, шахсони бузурги Рим, сарлашкарону императорони машҳури Империяи Рим мебарад.
Ҳ. Р.Сангова

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ