Қувваҳои баҳрии ИМА бори аввал бар зидди дрон аз лазер истифода бурд ( видео )

Қувваҳои ҳарбӣ — баҳрии ИМА дар уқёнуси Ором барои нест кардани дрон аслиҳаи лазериро кор фармуд.Дар ин бора ҳайъати фармондеҳони флоти уқёнуси Ороми ИМА хабар дод.
Санҷишҳо рӯзи 16 — ӯми май гузаронда шуданд.Аслиҳаи лазериро дар киштии десантӣ — нақлиётии USS Portland,ки дар наздикии базаи Пёрл — Харбор воқеъ буд, ҷойгир карданд.Санҷиш дар видеои мухтасар акс карда шудааст.Дар он аз аслиҳаи лазерӣ баромадани нури равшане ва сипас дар осмон сӯхтани дронро дидан мумкин аст.Дар флоти ИМА аз ин пеш ҳам аслиҳаи лазериро истифода бурда буданд,вале бар зидди дрон бори аввал кор фармуданд.
Моҳи октябри соли 2019 маълум шуда буд,ки дар ИМА бар зидди киштиҳои хурд ва дронҳо аслиҳаи лазерӣ сохтаанд. Онро корпоратсияи Northrop Grumman истеҳсол кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ