Тайсон чаро дубора ба бокс баргашт? Сабаби инро гуфт


Муштзани афсонавӣ Майк Тайсони 53 сола гуфт, ки ба пул иштиёқ надорад ва танҳо барои иҷрои амалҳои хайр ба ринг баргаштааст. Дар ин бора ӯ дар сӯҳбати худ, ки дар нашри «Dailstar» чоп гардид, маълум кард.
Тайсон таъкид кард, ки ҳоло ҷараёни интихоби рақиб давом дорад. Ӯ тамоми маблағи аз рақобат ба даст омадро барои онҳое равона мекунад, ки ба эҳтиёҷмандон ва нашъамандон, ки ба гиёҳвандӣ руҷӯъ мондаанд ва ҳоло табобат мегиранд, равона мекунад.
«Шартномаҳо дар даруни як ҳафта имзо мегарданд. Чӣ қадар пул кор кунем, ба дигар одамон дода мешавад. Ман пул кор кардан намехоҳам. Ҳа, шояд ширкат, ҳамсари ман, шамкоронам пул кор кунанд. Аммо ман ҳиссаи худро ба корҳои хайр сарф мекунам. Мехоҳам ба ниёзмандон, нашъамандон, бесарпаноҳҳо ёрӣ расонам», гуфт муштзани афсонавӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ