1-июн — Рӯзи байналхалқии кӯдакон: таърих ва анъанаҳои ҷашн



Дар бисёрии кишварҳо 1 июн — рӯзи аввали тобистон ҳамчун Рӯзи байналхалқии кӯдакон — 67 сол боз қайд карда мешавад. Ҳатто агар ин рӯз рӯзи дамгирӣ эълон нашуда бошад ҳам, ин рӯз ба ҷашни ҳақиқии кӯдакон табдил ёфтааст.
Хӯш, Рӯзи байналхалқии кӯдакон чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?
Дар бисёр кишварҳо ва шаҳрҳои ҷаҳон ин ид бо мубоҳисаҳо ва лексияҳо дар бораи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳифзи онҳо қайд карда мешавад. Ғайр аз ин, Рӯзи кӯдакон чорабиниҳои гуногуни шодмонӣ ва фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаҳои консертӣ баргузор мегардад.
Дар ин рӯз барои кӯдакони дардманд, ниёзманд ва ногироён аксияҳо ташкил мешаванд.
Мақсади асосии Рӯзи ҳифзи кӯдакон ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеа ба кӯдакони мӯҳтоҷи меҳр, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, таъмини хушбахтии онҳо ва кӯмак расонидан барои ҳамчун кӯдаки хушбахт ва шаҳрвандони комили кишвар шуда ба воя расидани онҳо мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ